Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Назриев Абдулло

Назриев Абдулло

Назриев Абдулло (20. 09. 1930, райони Қалъаихум), ҳофиз ва сарояндаи советии тоҷик. Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон (1955).

Яке аа шогирдони Шариф Ҷӯраев. Солҳои 1949 — 1955 роҳбарӣ дастаи ҳаваскорона санъати хонаи маданияти райони Қалъаихум, 1955—1964 ҳофизи Филармонияи давлатии Тоҷикистон. Соли 1966 ба Театри давлатии опера ва балета ба номи С. Айнӣ даъват мешавад. Совхозҳои 1964—1965 ва аз соли 1967 ин ҷониб ҳофизи Комите­ти давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ. Мавзӯи Ленин, партия, ватан дар репертуа­ри Назриев мавқеи асосаро ашғол менамояд: «Ба Ленин» (шеъри А. Шарафи), «Асори ман» (М. Турсунзода), «Халқи бузургворам» (Б. Раҳимзода), «Меҳри Ватан» (М. Фарҳат) ва ғайра (ба онҳо худаш оҳанг бастааст). Назриев сурудҳои халқию классикии «Нигорам», «Сиёҳчашм», «Дилбари ҷон«, «Мустазод», «Мискин», «Рок» ва ғайраро моҳирона месарояд. Овозаш фораму ҷарангосӣ, дорои тобиши тено- рию баритонист. Назриев муаллиф ва басаҳнагузорандаи як қатор сюитаҳои рақсии «Ленин — Ватан», «Ленин — Партия», «Ленин — Партия — Октябр», «Таронаҳои меҳнат», «Биё, ёрам», «Мурги саҳар», «Шашзарб» ва ғайра мебошад. Иштирокчии Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва (1957), фестивали VI умуми- ҷаҳонии ҷавонон ва студент он (Мо­сква, 1957). Дар ҳайати дастаҳои ҳунарӣ ба Афғонистон (1959, 1973) ва Эрон (1966) сафар кардааст. Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо, Грамотаи Фахрии Президиуми Сове­ти Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …