Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Назорати молиявӣ

Назорати молиявӣ

Назорати молиявӣ, тафтиши риояи низоми молиявии давлатӣ аз тарафи корхона, муассиса ва ташкилотҳои сотсиалистӣ, дуруст ва самарабахш истифода бурдани во­ситаҳои моддию пулӣ. Чуаъи таркибӣ ва соҳаи махсусгардондашудаи назорати давлатӣ. Вазифаҳои асосии Назорати молиявӣ: тафтиши тартиб додан ва иҷрои планҳои молиявии корхонаҳо, ташкилотҳо ва соҳаҳои хоҷагпи халқ, аз тарафи онҳо сари вақт ва пурра иҷро кардани уҳдадориҳои молиявии давлатӣ оид ба пардохти бюҷет, оид ба кредитҳои Банки дав­латӣ ва Банки сохтмон, тафтиши ӯҳ­дадориҳои тарафайни корхонаҳои сотсиалистӣ ва ташкилотҳо мувофиқи соҳибукитоб ва пардохт, риояи интизоми молиявӣ ва режими сарфакорӣ дар харҷи воситаҳои моддию пулӣ, тафтиши муҳофизати моликияти сотсиалистӣ. Дар ҷамъияти сотси­алистӣ Назорати молиявӣ ба манфиати меҳнаткашон хиамат мекунад. Назорати молиявӣ яке аз ҷиҳатҳои ташкили иқтисодии истеҳсолот аст, ки истеҳсолот, ҷойгиронӣ, истифодаи тамоми маҳсулоти ҷамъиятӣ ва даромади миллиро дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ назорат мекунад.

Назорати молиявӣ дар муҳити истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсоли, яъне дар тамоми марҳалаҳои планкашӣ ва иҷрои план татбиқ карда мешавад. Назорати молиявӣ пешаки, ҷорӣ ва минбаъда мешавад. Назорати молиявии пешакиро пеш аз гузаронидани амалиёти давлатӣ дар марҳалаи планкашии молиявӣ ба амал мебароранд. Назорати молиявии ҷ о р ӣ ё назора­ти оперативӣ ҳар рӯз тавассути ор­ганҳои молиявӣ, банки ва давлатӣ дар просесси иҷрои бюҷет, планҳои молиявӣ ва сметаҳо бо роҳи таҳлили ҳисоботи даврӣ, гузаронидани тафтишу тадқиқот амалӣ мегардад. Назорати молиявии минбаъда, ки баъди акамаёти молиявӣ гузаронда мешавад, тафтишоти ҳуҷҷатӣ (планӣ ва ғай- рипланӣ, идоравӣ ва ғайриидоравӣ, умумӣ ва интихобӣ, комплексию со­ҳавӣ ва ғайра) ва тафтиши фаъолияти молиявии давлатиро пешбинӣ меку­над.

Асоси объективии Назоарти молиявӣ ҳисо­букитоб мебошад. Вазифаи Назорати молиявиро органҳои олии ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарияти ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, республикаҳои иттифоқӣ ва автономӣ, советҳои маҳаллй дар просесси муҳокима ва тасдиқи лоиҳаҳои бюҷет ва ҳисобот, ки онро Совети Вазирони ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, республикаҳои автономию иттифоқӣ, комитетҳои иҷроияи советҳои ма- ҳаллӣ пешниҳод мекунанд, иҷро менамоянд. Назорати молиявиро Комитети назора­ти халқии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, Вазорати молили ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, Банки давлатии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ва Бан­ки сохтмони ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ва органҳои ма­ҳаллии онҳо мегузаронанд. Назорати молиявии дохили идоравиро вазорату идораҳои ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ, республикаҳои иттифоқию ав­тономӣ, управленияю шуъбаҳои ко­митетҳои иҷроия, советҳои маҳаллӣ ба уҳда доранд, дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо вазифаи Назорати молиявиро сарбухгалтерҳо, коркунони молиявӣ ва дигарон адо мекунанд.

Ад.: Ленин В. И., Давлат  ва рево­лютсия, Ас., ч. 25; ҳамон муалл., Ва- зифаҳои навбатии Ҳокимияти Советӣ, Ас., ч- 27; Кам бошаду хуб бошад. Ас., ҷ. 33.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …