Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Назорати коргарӣ

Назорати коргарӣ

Назорати коргарӣ б а  и с т е ҳ с о л о т ва тақсимоти  маҳсулот, назорати коргарӣ ба фаъолияти хоҷагидории соҳибони кархона­ҳо. Дар корхонаҳои алоҳидаи Рос­сия Назорати коргарӣ баъди Револютсияи феврал ҷорӣ шуд ва дар кори муҳофизати саноат аз вайронкориҳои капиталисток (пушидани корхона, кам кардани истеҳсоли маҳсулот ва ғайра) яке аз шаклҳои ташаббуси револютсионии синфи коргар гардид. Баъди ғалабаи Револютсияи Октябр Назорати коргарӣ яке аз воситаҳои ба амал баровардани сиёсати иқти- содии диктатураи пролетариат гар­дид. Бартараф намудни харобиҳо ва муқобилияти буржуазия, суст кардани иқтидори иқтисодии он, ба амал баровардани милликунонӣ фақат бо иштироки фаъолонаи коргарон имконпазир аст. Барои ин ба коргарон таҷрибаи ташкили истеҳсолот ва роҳбарӣ ба он зарур буд. Назорати коргарӣ дар назди худ вазифа гузошт, ки фаъолияти хоҷагиҳои хусусиро ба манфиати давлати сотсиалистӣ тобеъ намояд ва синфи коргарро барои ба истеҳсолот роҳбарӣ кардан ва мил- ликунонии воситаҳои истеҳсолот тайёр намояд.

Назорати коргариро комитетҳои маҳаллии фабрикаю заводҳо, советҳои Назорати коргарӣ, комиссияҳои хоҷагию назоратӣ ва дигар ташкилотҳо, ки аз коргарону коркунони  техникӣ иборатанд, ба амал мебароварданд. Назорати каргарӣ ба истеҳсолот, хариду фурӯши мол, ашёи хом ва сузишворӣ, нигоҳ доштани онҳо, фаъолияти молиявии корхонаҳо назорат мекард. Барои соҳибони корхонаҳо иҷрои қарори органҳои Назорати коргарӣ ҳатми буд. Назорати коргарӣ дар Туркистон дар вазъияти душвори хоҷагию сиёсӣ ба амал бароварда мешуд. Назорати коргарӣ аввалин бор охири ноябри 1917 дар кони Сулуктаи уезди Хуҷанд ва 2 декабри 1917 дар заводи пахтатозакунии Драго- мирово ташкил карда шуд. Дертар дар дигар корхонаҳо низ ба вуҷуд омад.

Назорати коргарӣ дар нимаи якуми соли 1918 дар аксари корхонаҳои Туркистон, аз он ҷумла дар ноҳияҳои тоҷикнишин ташкил шуд. Баҳори 1918 Назорати коргарӣ дар корхонаҳои пахтатозакунӣ ва равғанкашӣ ба вуҷуд омад. Капитали ин соҳаҳои саноат бо капитали савдою судхӯрӣ, ки бо хоҷагии қишлоқ, вобастагӣ доштанд, зич алоқаманд буд. Бинобар ин дар заводҳои пахтатозакунӣ ҷорӣ карда шудани Назорати коргарӣ танзими тамоми хоҷагии халқро осон кард, ҷорӣ шудани Назорати коргарӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва конҳои Туркистон аввалин таҷрибаи ташкили сотсиалистии идоракунии саноат, пеш аз ҳама, корхо­наҳои калону миёна ва инчунин банку муассисаҳои тиҷоратӣ буд.

Баъди Револютсияи Октябр мазмун ва моҳияти Назорати коргарӣ ба куллӣ тағйир ёфт: онро пролетариати давлати муташаккил бо мақсади азнавсозиҳои сотсиалистии саноат ба амал баровард.

Ад.: Ленин В. И., Дар бораи вазифаҳои пролетариат дар револютсияи ҳозира, Ас., 24; ҳ а м о и муалл;, Резолю­тсия дар бораи чораҳои иқтисодии муборизаи зидди харобӣ, Ас., ч. 24; ҳамон муалл., Хатари тахлука ва чораҳои пешгирӣ кардани он. Ас., ч. 25; ҳ а м о н муалл., Лоиҳаи низомнома дар бораи контроли коргарӣ. Ас., ч. 26, Скоробогатов И. М., К истории болшевист­ских организатсий Северного Таджикис­тана (1917—1919), дар кит.: Материалы по истории Компартии Таджикистана, Д., 1963.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …