Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Назорати коргари

Назорати коргари

Назорати коргари б а  и с т е х с о л о т ва таксимоти  махсулот, назорати коргари ба фаъолияти хочагидории сохибони кархона­хо. Дар корхонахои алохидаи Рос­сия Назорати коргари баъди Револютсияи феврал чори шуд ва дар кори мухофизати саноат аз вайронкорихои капиталисток (пушидани корхона, кам кардани истехсоли махсулот ва гайра) яке аз шаклхои ташаббуси револютсионии синфи коргар гардид. Баъди галабаи Револютсияи Октябр Назорати коргари яке аз воситахои ба амал баровардани сиёсати икти- содии диктатураи пролетариат гар­дид. Бартараф намудни харобихо ва мукобилияти буржуазия, суст кардани иктидори иктисодии он, ба амал баровардани милликунони факат бо иштироки фаъолонаи коргарон имконпазир аст. Барои ин ба коргарон тачрибаи ташкили истехсолот ва рохбари ба он зарур буд. Назорати коргари дар назди худ вазифа гузошт, ки фаъолияти хочагихои хусусиро ба манфиати давлати сотсиалисти тобеъ намояд ва синфи коргарро барои ба истехсолот рохбари кардан ва мил- ликунонии воситахои истехсолот тайёр намояд.

Назорати коргариро комитетхои махаллии фабрикаю заводхо, советхои Назорати коргари, комиссияхои хочагию назорати ва дигар ташкилотхо, ки аз коргарону коркунони  техники иборатанд, ба амал мебароварданд. Назорати каргари ба истехсолот, хариду фуруши мол, ашёи хом ва сузишвори, нигох доштани онхо, фаъолияти молиявии корхонахо назорат мекард. Барои сохибони корхонахо ичрои карори органхои Назорати коргари хатми буд. Назорати коргари дар Туркистон дар вазъияти душвори хочагию сиёси ба амал бароварда мешуд. Назорати коргари аввалин бор охири ноябри 1917 дар кони Сулуктаи уезди Хучанд ва 2 декабри 1917 дар заводи пахтатозакунии Драго- мирово ташкил карда шуд. Дертар дар дигар корхонахо низ ба вучуд омад.

Назорати коргари дар нимаи якуми соли 1918 дар аксари корхонахои Туркистон, аз он чумла дар нохияхои точикнишин ташкил шуд. Бахори 1918 Назорати коргари дар корхонахои пахтатозакуни ва равганкаши ба вучуд омад. Капитали ин сохахои саноат бо капитали савдою судхури, ки бо хочагии кишлок, вобастаги доштанд, зич алокаманд буд. Бинобар ин дар заводхои пахтатозакуни чори карда шудани Назорати коргари танзими тамоми хочагии халкро осон кард, чори шудани Назорати коргари дар корхонахои саноати ва конхои Туркистон аввалин тачрибаи ташкили сотсиалистии идоракунии саноат, пеш аз хама, корхо­нахои калону миёна ва инчунин банку муассисахои тичорати буд.

Баъди Револютсияи Октябр мазмун ва мохияти Назорати коргари ба кулли тагйир ёфт: онро пролетариати давлати муташаккил бо максади азнавсозихои сотсиалистии саноат ба амал баровард.

Ад.: Ленин В. И., Дар бораи вазифахои пролетариат дар револютсияи хозира, Ас., 24; х а м о и муалл;, Резолю­тсия дар бораи чорахои иктисодии муборизаи зидди хароби, Ас., ч. 24; хамон муалл., Хатари тахлука ва чорахои пешгири кардани он. Ас., ч. 25; х а м о н муалл., Лоихаи низомнома дар бораи контроли коргари. Ас., ч. 26, Скоробогатов И. М., К истории болшевист­ских организатсий Северного Таджикис­тана (1917—1919), дар кит.: Материалы по истории Компартии Таджикистана, Д., 1963.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.