Назми сарбозӣ, як навъи назми фолклорӣ ва адабиёти хаттии халқи тоҷик аст, ки зимни ба вуҷуд омадани хизмати сарбозӣ пайдо шудааст. Пайдоиши аксари навъҳои Назми сарбозӣ (рубоиҳо, дубайтиҳо, байт-ҳо, ғазалу мухаммасҳо) ба давраи сарбозгирии ҳукумати Бухоро мансуб аст. Гӯяндагони Назми сарбозӣ модару хоҳар, падару бародар, маҳбуба ва дигар хешовандони сарбозҳо буданд. Дар сурудҳои сарбозӣ тартиби ноодилонаи сарбозгирӣ, қоидаҳои ғайриинсонии аскарнигаҳдории амир ва ғайра мазаммат шудаанд. Ба хидмати сарбозӣ аксаран фарзандони мардуми камбағалро мегирифтанд. Дар баъзе рубоӣ ва дубайтиҳои сарбозӣ норозигии халқ аз нобаробариҳои иҷтимоӣ ифода ёфтааст. Масалан:
Фақирбача, ки будӣ, асират карданд,
Бечиз, ки буди аскари мират карданд.
Дар ҷои аскарии мир Бухоро меравӣ,
Бечиз, ки будӣ сари тират карданд.
Баъзан пораҳои шеърие ба назар мерасанд, ки худи сарбозон гуфтаанд. Масалан:
Сари кӯҳи баланд дав-давонам,
Камон дар китфу ханҷар дар миёнам.
Илоҳо, бишкадад дасти камонсоз,
Аз ин дасти камон бехонумонам.
Навъи дигари Назми сарбозӣ низ маълум аст, ки онро аскарон, ҳангоми машқ, тан- тана ё намоиш месаронданд. Чунин сурудҳо дар байни халқ бо номи п о м а ш қ машҳуранд.
Пас аз ғалабаи Рев. Каб. Сотсиалистии Октябр мазмуну мундариҷаи Назми сарбозӣ ба куллӣ тағйир ёфт. Халқ дар васфи фидоиён, аскарони сурх, мардони далери инқилобӣ суруду таронаҳои зиёде офарид. Шоирон дар васфи аскарони советӣ шеъру достонҳо иншо намуданд. Дар солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ фидоиён ва аскарони инқилобӣ ҳамчун помашқ шеърҳоеро месаронданд, ки рӯҳи инқилобӣ дошта, нияту орзуҳои дурпарвози халқро ифода мекарданд. Намунаи ин гуна сурудҳо «Дар Кафкозу дар Украин»-и А. Лоҳутӣ аст. Бо мурури замон суруду таронаҳои нави сарбозӣ, сурудҳои помашқ ва ғайра ба миён омаданд, ки аз ҳар ҷиҳат ба рӯҳу мароми даврони мо мутобиқанд. Намунаи беҳтарини онҳо суруди «Аскарбачаме» (оҳанги X. Абдуллоев, матни халқии тақмили А. Қодирӣ) мебошад.
Ад.: Маъсумӣ Н., Фолклори тоҷик, Сталинобод, 1952.