Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияи хромосомии ирсият

Назарияи хромосомии ирсият

Назарияи хромосомии ирсият, назарияи аз насл ба насл гузаш- тани аломатҳо ба воситаи хромосо­ма, ки аввали асри 20 ба вуҷуд омад Би­но ба фарзияе, ки соли 1902 олими америкоӣ У. Сеттон ва олими немис Т. Бовери пешниҳод карданд, генҳо дар хромосомаҳо ҷои муайян доранд. Минбаъд Назарияи хромосомии ирсият дар асарҳои генетикҳои америкоӣ Т. X. Моргав, К. Бриҷес ва дигарон асоснок карда шуд. Муқаррар гардид, ки генҳои як хро­мосома як гурӯҳи пайвастро ташкил намуда, бояд якҷоя мерос гирифта шаванд. Миқдори гурӯҳҳои пайваст ба миқдори ҷуфти хромосомаҳо ба­робар буда, барои ҳар як намуди организмҳо доимӣ аст (ниг. Кариотип). Аломатҳои пайвасти генҳо низ якҷоя мерос гирифта мешаванд. Аз ин рӯ истифодаи қонуни комбинасияи бевоситаи аломатҳо (ниг. Қонунҳои Мендел) маҳдудтар мешавад, яъне аломатҳои генҳояшон дар хромосомаҳои гуногун (ғайри гомологӣ) ҷойгиршуда, алоҳида- алоҳида мерос гирифта мешаванд. Ҳодисаи пайвас­ти нопурраи генҳошро Морган ва ҳамкорони ӯ муфассал тадқиқ карданд ва дар ин замина дар хромосома пай дар пай ҷойгир шудани генҳоро асоснок намуданд. Ба ақидаи Мор­ган генҳои пайвастшудаи хромосомаҳои гомологӣ, ки дар волидайн дар намуди  ва   ҳангоми мейоз дар шакли гетерози­сеготӣ →     ҷои худро иваз карда метавонанд. Дар натиҷа баробари га­метаҳои АВ ва ab гаметаҳои Аb ва аВ ҳосил мешаванд. Сабаби ин ҳамин аст, ки алоқаи хромосомаҳои гомологӣ дар мобайни генҳои  .   канда шуда, сипас нуқҳои

А     В

онҳо дар намуди ͟͞    X ͟͞       боя н айв аст мешававд.

а      b

Дар ҳақиқат вуҷуд доштани ин просессро, ки кроссинговер ном дорад, соли 1933 олими немис К. Штерн ва олимони америкоӣ X. Крейтов, Б. Мак-Клинток исбот карданд. Нисбати басомади крососсинговер ва масофаи байни генҳои пайваст барои таҳияи ҳаритаи генетикии хромосомаҳо истифода мешавад.

Алҳол масъалаи ҳомили универсалӣ будани молекулаҳои кислотаи де- зоксирибонуклеат мавриди тадқиқи муфассал қарор гирифтааст ва инки- шофи минбаъдаи Назарияи хромосомии ирсият маҳз ба ҳамин самт идома дорад. Назарияи хромосомии ирсият, ки қонунияти аз насл ба насл гузашта- ни аломатҳои ирсиро тадқиқ менамояд, дар равнақу ривоҷи илм ва амалияи хоҷагии қишлоқ аҳамияти калон дорад. Назарияи хромосомии ирсият дар дасти селексионерҳо воситаи тавоное мебошад ва маҳз дар асоси он намуду навъҳои дилхоҳи ҳайвонот ва наботот ба вуҷуд оварда мешаванд. Донистани қонуниятҳои ҷойгиршавии хромосомаҳо яке аз асосҳои тадқиқи бемориҳои ирсии одам мебошад.

Ад.: Морган Т. Г., Иабр. работы по генетике, М.—Л., 1937; Лобашев М. Е. Генетика, Л., 1967.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …