Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Найроби

Найроби

Найроби (Nairobi), пойтахти Кения. 140 км шимолтар аз экватор, дар балавдии 1700 м вокеъ гаштааст. Иқламаш экваторӣ, муссонӣ, ҳарорати миёнаи июл 15° С, март 18,7°С. Боришоти солона 932 мм. Аҳолиаш (бо атроф 835 ҳазор нафар (1979). Узе­ла роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард. Аэропорташ (Эмбакаси) дорои аҳамаяти байналхалқист. Маркази калонтарини савдо ва саноати Кения. Дар Найроби корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, бофавдагӣ, чарму пойафзол, хи­мия (аз ҷумла истеҳсоли шинаи автомобилҳо) коркарди металл, семент ва устохонаҳои роҳи оҳан мавҷуданд. Музеи миллӣ, Театри миллӣ, Китобхонаи халқӣ, стансияи радио ва маркази телевизион дорад. 5 км ҷануб- тар аз Найроби боғи миллии Найроби воқест.

Шаҳр соли 1899 ба муносибати сохтмони роҳи оҳан Момбаса — Кисуму бунёд ёфтааст. Баъдтар маркази маъмурии мустамлакаи Англия дар Кения буд. Аз 12 дек.абри 1963 — пойтахти Кенияи мустақил ва аз 12 декабри 1964  – пойтахти республикаи Кения.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …