Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Найманҳо

Найманҳо

Найманҳо иттиҳоди қабилаҳои калони туриважод. Дар миёнаҳои асри 8 дар соҳилҳои ҷануб кӯли Бай­кал маскун буданд. Миёнаҳои асри 9 аз болооби дарёи Ӯрхун то Торим ва Иртиши Сиёҳро ба ихтиёри худ даро- варданд. Баъд заманҳояшон то ба кӯҳҳои Хавгай ва Олтой расида, дар Шарқ бо керейтҳо, дар Шимол бо кирғизҳо, дар Fарб бо қанлиҳо ва дар Ҷануб бо уйғурҳо ҳамҳудуд шуданд. Найманҳо миёнаи асри 12 тавоно шуда, дар Осиёи Марказӣ ҳукмрон гардаданд. Давлати онҳо то истилои муғулҳо вуҷуд дошт ва пойтахти хони охиринашон—Таянхон дар Ҷаршиэнаур (ваздикии Қароқум) воқеъ буд. Дар асри 13 ба истилои муғул гирифтор шуданд. Аксарияти Найманҳо ба Ғарб ба Ҳафтрӯд гурехта, баъдтар ба таркиби казоқҳо, ӯзбекҳо, қирғизҳо ва нӯғанҳо дохил гардаданд. Дар байни Найманҳо алифбои уйғурӣ паҳн гашт. Онҳо то асри 13 ба масеҳият эътиқод доштанд ва асрҳои 13—14 исломро қабул карданд. Найманҳо дар ташаккули халқияти ӯзбек, казоқ, қирғиз ва ба миллати сотсиалистӣ табдил ёфтани онҳо фаъолона иштирок намуданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …