Маълумоти охирин
Главная / Биология / Нахҳои табиӣ

Нахҳои табиӣ

Нахҳои табиӣ, н а х ҳ о и бо­фандагӣ, нахҳои дарозу мустаҳкам ва қаиши борик, ки аз растанӣ, минерал ва ҳайвонот ҳосил меку­нанд; ашёест барои истеҳсоли ка- лоба ва баъзе молҳои ғайри матоъ. Нахҳои табииро аз загир, катон, пахта, ҷут, канаб, пашми ҳайвонот, пилла ва минерал (асбест) тайёр мекунанд. Аз Нахҳои табиӣ аз ҳама маъмул ва арзон нахи пахта буда, дарозиаш 25—39 миллиметр мешавад. Нахи табиии дарозу борик аз ҳама гаронбаҳо ҳисоб меёбад, зеро аз он матоъҳои маҳин (маркизет, батист) ва калобаҳои бо­рик истеҳсол мекунанд.

Нахи табиии зағирро аз лифи пояаш (зағирпоя) мегиранд; дарозиаш 100— 800 миллиметр. Нахи зағир барои истеҳсолт матоъҳон тобистона истифода мешавад. Ғози канабу ҷутро барои тайёр намудани арғамчини ғафс, банд ва матоъҳои дурушти рӯзғор ба кор мебаранд. Дарозии нахи пашми гусфанд, буз, шутур ва харгӯш 50—300 миллиметр меояд ва ин нах ҳар қадар маҳинтар бошад, матои он ҳамон қадар хушсифаттар мешавад. Нахи табиии мӯина нисбатан чандир буда, матои он ғиҷим намешавад. Нахи табиии шоҳӣ (пилла)- хело чандир ва борик аст; дарозиаш 400— 1200 миллиметр. Истеҳсоли шоҳӣ басо меҳнатталаб аст. Дар саноати бофандагӣ бештар нахи сунъиро ба кор ме­баранд, ки он аз нахи шоҳии табиӣ мондание надорад.

Аз нахи минералию асбестӣ матоъҳои техникӣ, ма- териалҳои изолятсионӣ ва баъзе либосҳои махсуси оташтобовар тайёр мекунанд. Нахҳои табииро холис ё омехта истифода мебаранд. Масалан, нахи пахтаро бо капрон, нахи зағирро бо лавсан омехта, ба кор мебаранд. Дар натиҷа сифати матоъ баланд, истеҳсоли он арзон мешавад. Ком­бината бофандагии Душанбе, Ком­бината абрешими Ленинобод ва Комбината Қолинбофии Қайроқум аз ҷумлаи калонтарин корхонаҳои саноати нахҳои пахта, абрешим, нахи сунъй дар Иттифоқи Советӣ мебошанд.

Адабиёт:  Кукин Г. Н., Соловьев А. Н., Текстильное материаловедение, ҷилди 1-2, Москва, 1961—1964.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …