Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Навъсанҷӣ

Навъсанҷӣ

Навъсанҷӣ тадқиқ, баҳодиҳӣ ба навъу дурагаҳои зироати хоҷагии қишлоқ (бо муқоисаи навъҳои стандартӣ) ва муайян намудани қобили парваришии онҳо дар шароити истеҳсолӣ. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ Навъсанҷии стансионӣ ва давла­тӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми Навъсанҷии стаисионӣ навъро дар замини муассисае, ки онро ба даст овардааст, 2—3 сол меомӯзанд ва дар як вақт дар колхоз ё совхоз (1—2 сол) аз санҷиши истеҳсолӣ мегу­заронанд. Бехтарин навъҳое, кя аз санҷиши стаисионӣ гузаштаанд, инчунин навъҳои селексияи хориҷӣ дар майдонҳои навъсанҷии Комиссияи давлатӣ оид ба навъсанҷии зи­роати хоҷагии қишлоқи назди ВХК ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ аз Навъсанҷии давлатӣ (конкурсӣ ва ва­сеъ) мегузаранд. Ҳангоми конкурси Навъсанҷӣ ҳосилнокӣ, давомнокии давраи нашви навъу дурагаҳо, тобоварии онҳо ба хунукӣ, хушкӣ, касалию ха­шароти зараррасон, эҳтиёҷи онҳо ба пору, об, мувофиқии онҳо ба ғунучини механиконида ва ғайра муқоиса карда мешаванд. Вазифаи Навъсанҷии ва­сеъ — интихоби навъҳо ва дурагаҳои беҳтарин барои Навъсанҷии конкурсии вилоятҳои дигар. Навъҳои беҳтарин аз Навъсанҷии истеҳсолӣ (дар майдонҳои колхозҳо ва савхозҳо) мегузаранд. Ба сифати ҳосил (масалан, миқдори сафеда, равған, қанд, сернахӣ) Лабораторияи марказии Комиссияи давлатӣ оид ба навъсанҷӣ, лабораторияҳои байнивилоятӣ, муассисаҳои тадқиқотӣ илмӣ ва ғайра баҳо медиҳанд. Барои Навъсанҷии давлатӣ ба ҳар як зироат методикаи ягона тартиб дода шудааст.

Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (РСФСР, РССУ) Навъсанҷии давлатӣ солҳои 1923—1924 оғоз ёфт. То соли 1931 шабакаи Навъсанҷӣ ба шимол (7 майдони навъ) ва ҷануб (17) тақсим мешуд. Соли 1933 346 майдони Навъсанҷӣ буд, ки дар онҳо зиёда аз 1700 навъи 116 зироат аз санҷиш гузаштааст. Соли 1976 майдони Навъсанҷӣ зиёда аз 1500 буда, қариб 11500 навъи растанӣ санҷида шудааст. Дар асоси нишондодҳои Навъсанҷии давлатӣ ҳар сол ба ҷои навъҳо ва дурагаҳои куҳна, ки ба талаботи амалӣ ҷавоб дода наметавонанд, навъу дурагаҳои серҳосил ва ба шароити маҳал мувофиқро ҷорӣ мекунанд. Ниг. ниг Селексия, Тухмипарварӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …