Деҳаест дар Совети қишлоқ Эскигузарн райони Орҷоникидзеободи РСС Тоҷикистон. Территорияи колхози ба номи Карим Исмоилов. Аз Навободи боло то маркази Совети қишлоқ 3 км, то район 7 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 765 нафар (1982), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола ва магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи Элак ва канали Кофарниҳон обёрӣ мешаванд.
Tags Деҳа
Инчунин кобед
Деҳаи САҒИРДАШТ
САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …