Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Навобод

Навобод

Деҳаест дар Совети қишлоқи Ёваи райони Хуҷанд, вилолти Ленинобод. Территорияи колхозҳои «Роҳи Ленин» ва «40-солагии Октябр». Аз Навобод то маркааи Совети қишлоқ 13 км, то район ва стансияи роҳи оҳан Ленинобод 17 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 500 нафар (1982), тоҷикон. Деҳа мак­таби 8-сола, китобхонаю клуб, пункти тиббӣ, 3 магазин ва нонвойхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пах­такорӣ, кирмакдорӣ, боғдорӣ. Заминҳо ба воситаи ст. насосии Хоҷабоқирғол обёрӣ мешаванд. Деҳа соли 1945 бунёд ёфтааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …