Нақлиёти трубопроводи, нақлиётест, ки тавассути трубаҳо (ғулбаҳо) аз ҷои истихроҷ ё аз истеҳсолот ба ҷойҳои коркард ё истеъмол нефт, маҳсулоти нефт, газ ва ғайраро интиқол медиҳанд. Трубопроводҳо гуногун мешаванд: трубопроводи ‘магистралӣ барои интиқоли нефт, газ ва ғайра, ба масофаи калон, трубопроводи саноатӣ (маҳаллӣ) барои интиқоли нефт, газ ва ғайра ба заводу базаҳои нефт (нигаред Нефтепровод, Газопровод). Хароҷоти нақлиёти трубопроводи магистралӣ назар ба хароҷоти нақлиёти роҳи оҳан 3—5 маротиба камтар аст. Водопровод ҳам яке аз намудҳои Нақлиёти трубопроводӣ мебошад. Дарозии умумии нефтепроводи тамоми дунё соли 1913, 33 километр буд, соли 1967 бошад, он ба 356 ҳазор километр расид. Дар ҳамин давра гардиши бор аз 16 миллиард ба 1023, миллиард тонна киломемр расид (63,8 маротиба афзуд). Соли 1967 ба системаи нақлиёти ҷаҳон 485 ҳазор километр газопроводи магистралӣ ҳамроҳ карда шуд.
Дар Россия аввалин трубопровод барои интиқоли газ трубопроводи Боку—Батуми (1842 километр) солҳои 1897— 1907 coхта шудааст. Соли 1913 дар Россия дарозии нефтепровод 1,1 ҳазор километр, гардиши бор 0,3 миллиард тонна километр, 1940 бошад, дар СССР мувофиқаи 4,1 ҳазор километр , 3,83 миллиард тонна километр, 1972 42,9 ҳазор километр ва 375,93 миллиард тонна километр , 1980 69,7 ҳазор километр ва 1196,8 3 миллиард тонна километр буд. С. 1964 coxтмони иавбати якуми нефтепроводи калонтарини дунё — «Дружба» ба охир расид. Солҳои 1966—70 дар СССР 7,9 ҳазор километр нефтепроводҳои магистралӣ сохта шуданд. Муҳимтарини онҳо: Уст—Балык—Омск, Александровское — Нижневартовский — Уст—Балык, Уяен—Гурев—Куйбышев, Ярославл—Кириши. Соли 1973 дар СССР калонтарин нефтепроводи Саматлор— Уст— Балык—Курган— Уфа—Алметевск (1836 километр) сохта шуд.
Дар СССР нахустин газопроводи магистралӣ — газопроводи Саратов— Москва соли 1946 ба истифода дода шуд. Баъдтар системаи магистралии газопроводи Централная,
Шарқию Украина, Ғарбӣ, Поволжия, Кавказ, Осиёи Миёна, Урал сохта шуданд. Газопроводҳои калонтарини СССР: Бухоро—Урал (4503 километр), Осиёи Миёна — Марказ (5500 километр). Дарозии умумии газопроводҳои СССР соли 1950 2,3 ҳазор километр, 1972 79 ҳазор километр, 1980 132 ҳазор километр буд. Маи 1974 газопроводи Калиф — Душанбе (дарозиаш 297 километр) сохта шуд, ки ба воситаи он аз Афғонистон ба Иттифоқи Советӣ газ интиқол мешавад. Дар районҳои шимоли Тоҷикистон соле 380— 400 ҳазор м3 газ ҳосил карда мешавад, ки як қисми он (80—100 ҳазор м3) ба шаҳри Исфара ва 300 ҳазор м3 ба газопроводи магистралии Муборак— Фарғона дода мешавад.