Наимов Қаробой (таваллудаш 10. 02. 1923, деҳаи Мингтути ҳозира pайони Турсунзода), пахтакор, ветерани меҳнат, Қахрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Аъзои КПСС аз соли 1943. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Солҳои 1935— 1942 колхозчӣ, 1946— 1948 сардори звеноӣ пахтакории колхози ба номи В. И. Ленини pайони Регар, 1948—1951 котиби Комитети районии комсомол, 1951—1955 инструктори Комитети партиявии райони Регар. Солҳои 1955—1959 Мактаби олии ВТССПС-и Ленинградро ғоибона хатм кард. Солҳои 1955—1962 раиси Комитети иттифоқи касабаи муаллимон, 1962— 1975 ҷонишини раиси Комитети иҷроия ва аз 1975 раиси иттифоқи касабаи хоҷагии қишлоқии pайони Регар. Наимов дар инкишофи соҳаи пахтакории район саҳми сазовор дорад. Дар съезди 15-уми ПК Тоҷикистон номзад ба аъзоии КМ ПК Тоҷикистон интихоб шудааст. Бо ордени Ленин, медалҳо, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Tags Шахсони машҳур
Инчунин кобед
ТАСБЕҲ
ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …