Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нафталин

Нафталин

Нафталин (аз лот. naphtha — нефт) С|0Нв, карбогидриди ароматӣ. Кристаллҳояш беранг, бӯи хос дорад; t гудозиш 80,3° С, t ҷӯш. 218° Селсия. Заҳрнок, зичиаш 1,1517 г/см! (22° С). Дар спирт, эфир, бензол нағз, аммо дар об бад ҳал мешавад. Нафталинро аз зифти ангиштсанг ва карбогидридҳои нефт ҳосил мекунанд.

Аз Нафталин ан­гидрида фталат, Моддаҳои рангуборӣ (нафтолҳо, нафтиламинҳою сулфокислотаҳои онҳо) ва ғайра ҳосил ме­кунанд. Гомологҳои Нафталин дар зифти ангишт ва метилнафталинҳо низ мавҷуданд. Ҳосилаи Нафталин полиметалнафталинро чун инсектисидхо, метилнафталинхоро чун омили танзими сабзиши растанӣ ва намакхои сулфокислотап Нафталинро бошад, ҳамчун эмулгаторҳо ба кор мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …