Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЗЕИ ТАЪРИХУ КИШВАРШИНОСИИ КӮЛОБ

МУЗЕИ ТАЪРИХУ КИШВАРШИНОСИИ КӮЛОБ

musey-kulobМУЗЕИ ТАЪРИХУ КИШВАРШИНОСИИ КӮЛОБ, соли 1968 дар шаҳри Кӯлоб чун филиали музеи муттаҳидаи республикавии таъриху кишварши- носӣ ва санъати тасвирӣ ташкил ёфта, соли 1974 музеи мустақили вилоятӣ гардид. Музей дорои 6 толор буда, дар онхо қариб 1300 (1978) экспонат мавҷуд аст. Толори табиат бо олами набототу ҳайвонот, сарватҳои зеризаминӣ, иқлими вилояти Кӯлоб шинос мекунад. Экспонатҳои толори таърих ҳаёти давраи пешазреволютсионӣ, таърихи барқароршавии ҳокимияти советӣ дар вилоят, ҷанги гражданӣ» дар Тоҷикистон, Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) ва дав­раи баъди ҷангро инъикос менамо­янд. Экспонатҳои толори санъати тасвирӣ аз ҳаёт ва фаъолияти одамони намоёни вилоят, муборизони зидди босмачиҳо, қаҳрамонони арсаи меҳнат, манзараҳои дилфиреби ин диёр ҳикоят мекунанд. Толорҳои саноат ва хоҷагии қишлоқ оид ба тараққиёти саноат, ташаккули синфи коргар, инкишофи хоҷагии қишлоқ, пахта­нкорӣ, чорводорӣ ва боғу токдории вилоят маълумот медиҳанд.

Д. Салимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …