МУЗЕИ РЕВОЛЮТСИЯИ СССР (Союз Советских Сотсиалистических Республик) (аз соли 1968 Музеи марказии ордени Лениндори револютсияи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР), 9 май 1924 бо қарори КИМ-и Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР дар Москва ташкил ёфтааст. Бинои он дар асри 18 сохта шудааст. Солҳои 1831—1917 ба ном клуби англисӣ дар ҳамин ҷо воқеъ буд, ки ба он Александр Сергеевич Пушкин, П. Я. Чаадаев, Лев Николаевич Толстой ва дигар равуо доштанд. Ноябри 1922 дар ин бино ба муносибати 5-солагии Револютсияи Октябр виставкам «Красная Москва» кушода шуд. Соли 1939 ба Музеи таърихи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ва ҷамъияти советӣ табдил ёфт.
Солҳои 1921—25 дар экспозисия ва фондҳои Музеи реолютсияи СССР Союз Советских Сотсиалистических Республик 59 ҳазор экспонат мавҷуд буд ва он соли 1974 кариб ба 1 миллион адад расид. Дар фонди оид ба таърихи ҳаракати байналхалқии револютсионии коргарию коммунистӣ материалҳои 86 мамлакат ба 33 забон нигоҳ дошта мешаванд. Дар музей коллексияҳои бойтарин ва суратҳои пурбаҳотарини рассомони рус ва советӣ, санъати амалии халқҳои Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР, плакату байрақҳои револютсионию ҷангӣ маҳфузанд. Китобхонаи илмии он зиёда аз 250 ҳазор китоб, газета ва журналҳо дорад. Экспозисияи музей дар 50 зал ҷой гирифта, давраеро аз охири асри 19 то айёми мо дар бар мегирад. Дар музей диорамаҳои «Пресняи қаҳрамон» (1905), «Штурми Қасри зимистона 26 октябри (8 ноябри) 1917» ва ғайра мавҷуд аст. Аз соли 1924 то 1974 Музеи револютсияи Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР ва шуъбаҳои онро беш- тар аз 30 миллион нафар тамошо кардааст. Соле дар Музеи револютсияи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР зиёда аз 12 ҳазор экскурсия гузаронида, бахшида ба санаю воқеаҳои таърихӣ виставкаҳои махсус ташкил карда мешавад. Музеи револютсияи Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР кори илмию маърифатӣ мебарад, бо ветеранҳои револютсия, қаҳрамонони Ҷанги гражданӣ (1918—20) ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45), пешқадамони истеҳсолот, олимон, нависандгон вохӯриҳо мегузаронад. Ба музейҳои револютсияи республпкаҳои иттифоқӣ ва шуъбаҳои таърихи ҷамъияти советии дигар музейҳо ёрии калон мерасонад. Музеи револютсияи Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР ҳуҷҷатҳо ва материалҳои оид ба таърихи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ва ҷамъияти советӣ, ёддоштҳои иштирокчиёни ҳаракати револютсионӣ ва сохтмони сотсиалистиро нашр мекунад. Бо ордени Ленин (1967), ордени Револютсияи Октябр (1974) мукофотонида шудааст.