Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУСИҚИИ МУФАРРАҲ

МУСИҚИИ МУФАРРАҲ

musikiМУСИҚИИ МУФАРРАҲ, мусиқиест, ки барои доираи васеи шунаван-дагон офарида шуда, дорои мазмуну мундариҷаи на он қадар мураккаб, оҳангу навои равону фасеҳ ва шакли оддӣ мебошад. Ба Мусиқии муфарраҳ намудҳои гуногуни мусиқии рақсӣ, эстрадӣ, марш, увертюраҳои начандон калон, сюита, рапсодия, фантазия (дар асоси оҳангҳо аз операҳои машҳур), оперетта ва балет, сурудҳои ҳаҷвӣ, инчунин баъзе намудҳои мусиқии саҳнава дохил мешаванд. Мусиқии муфарраҳ дар эҷодиёти бисёр бастакорони намоён (В. А. Мосарт, Ф. П. Шуберт ва ғайра) вомехӯрад. Намудҳои классикии Мусиқии муфарраҳро дар асри 19 бастакорон Штраусҳо (падару писар), Й. Ланнер ва Ж. Оффенбах эҷод кардаанд. Жанри Мусиқии муфарраҳ дар санъати мусиқии муосир мавқеи намоён дорад. Яке аз шохаҳои Мусиқии муфарраҳ ҷаз мебошад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …