Маълумоти охирин

МУШ

mushМУШ, мушмонандщо (Muri-dae), оилаи ҳайвони ширхӯр аз хояндаҳо. Мушмонандҳо қариб 165 намудро (мансуби 7 зероила) дар бар мегиранд, ки асосан дар Евросиё, Африка ва Австралия паҳн шудаанд.

Муши хонагӣ (1) ва бешагӣ (2).

Мушро ба Америкаи Шимолӣ ва Ҷануби одамон овардаанд. Дар Тоҷикистон аз мушмонандҳо ду намуди Муш ва се намуди калламуш зиндагӣ мекунад. Муши х о н а г ӣ (Mus тиз-chlus) дар тамоми Тоҷикистон (ба ғайр аз баландкӯҳҳо); дар ҷойҳои аҳолинишин, саҳро, чарогоҳ ва бештар дар водию минтақаҳои доманакӯҳ паҳн шудааст. Дарозии баданаш 7—9,5 сантиметр, думаш 6—8,5 сантиметр, вазнаш 13—25 грамм.

Муши бешагӣ (Apodemus sylvati-cus) дар ҳама ҷо ғайр аз водиҳои По-мир зиндагӣ мекунад (дар бешаҳои сӯзанбаргу паҳнбарги кӯҳсор, буттазаор, сангтӯдаҳо, инчунин хонаҳои истиқоматии мавзеъҳои кӯҳсор). Дарозии баданаш 8—11 сантиметр, думаш 8— 10 сантиметр, вазнаш 15—35 грамм. Муш лонаи начандон дароз кофта, зиндагӣ мекунад ва дар давоми сол (бештар дар фаслҳои гарми сол) афзоиш мекунад. Соле 3—5 бор ва ҳар дафъа 3—10 бача мезояд. Шумораи Муш ба мусоидии шароит ва хӯрок вобаста аст. Муш растаниҳои гуногун (ғалладона, мева) ва ҳашаротро мехӯрад. Муш хонаҳои истиқоматию анборҳоро сӯрох карда, захиран хӯрок, ғалладона ва чизҳои гуногун (чарму пӯст, коғазу китоб ва ғайра)-ро хӯрда ё хонда аз кор мебарорад ва ба одамон зарари калон мерасонад. Муш паҳнкунандаи касалиҳои хавфнок аст. Мушро бо мушгиракҳо ва мулӯҳи заҳрдор несту нобуд мекунанд. Мушро барои гузаронидани таҷрибаҳои лабораторӣ истифода мебаранд.

Адабиёт: Давыдов Г. С., Грызуны Северного Таджикистана» Душанбе, 1964; Н а у м о в С. П., К у з я к и к А. П . Жизнь животных, том 6, М осква. 1971. Г. С. Давыдов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …