Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРОФИАИ ЛЕЙПСИГ

МУРОФИАИ ЛЕЙПСИГ

murofiai-leypsigМУРОФИАИ ЛЕЙПСИГ (1933), мурофиаи сохтаи суди фашистони немис ба муқобили коммунистон, ки ба оташ задани рейхстаг беасос айбдор карда шуда буданд. Мурофиаи Лейпсиг 21 сентябр— 23 декабри 1933 дар Лейпсиг барпо гардид. Январи 1933 фашистон дар Германия ҳокимиятро забт намуда, торумор кардани Партияи комму­нистӣ ва бартараф намудани таъси- ри онро дар байни омма вазифаи худ қарор доданд. Гитлерчиён дар арафаи шаби 27 феврали 1933 бо дастури бевоситаи Г. Геринг бинои рейхстагро оташ зада, коммунистонро ба ин кор айбдор карданд ва таъқиби яксараи ононро вусъат доданд. 28 феврал декрети фавқулода нашр гар­дид, ки он озодии шахс, сухан, матбуот, маҷлису иттифоқҳоро бекор кард. Дар байни айбдоршавандагон револютсионери булғор коммунист Г. Димитров низ буд, ки ҳамон вақт дар Германия мезист. Фитнаи мудҳиши фашистон боиси эътирози аҳли ҷаҳон гардид. Аз ҳуқуқшиносони машҳури ҷаҳон комиссия барпо шуд, вай сабабҳои ҷиноятро омӯхта, ис­бот намуд, ки рейхстагро гитлерчи­ён оташ задаанд. Г. Димитров фавран баъди cap шудани Мурофиаи Лейпсиг муро­фиаи судро ба минбари муборизаи зиддифашистӣ табдил дода тавонист. Бо фишори ҳаракати эътирозӣ, ки дар тамоми ҷаҳон вусъат ёфт, Г. Димитров ва дигар коммунистон сафед карда шуданд, фашистони Германия зарбаи сиёсӣ ва маънавӣ хӯрданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …