Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРИДИЗМ

МУРИДИЗМ

muridizmМУРИДИЗМ, м у р и д и я (аз арабӣ мурид), истилодҳи шартиест, ки дар адабиёти руси нимаи дуюми асри 19 барои ифодаи ҳаракати миллию озо- дихоҳии кӯҳистониёни Кавкази Шимолӣ (солҳои 20—60 асри 19) истифода шудааст. Муридизм ҳамчун яке аз шохаҳои силсилаи нақшбандия фаъолияти сиёсиро бо тасаввуф даромехта буд. Ин ҷидати Муридизм дар тарғиби ғазовот ифода ёфтааст. Ба М. Ғозимуҳаммад (1795—1832), Ғамзатбек (1789— 1834), Шомил ,(1797—1871) ва ноибони онҳо Шайх Ҳоди Исмоил (аз де­ҳаи Курдамири музофоти Шервон), Мулломуҳаммад (аз деҳаи Яраг) ва Ҷамолуддин (аз деҳаи Кумух, Доғистони Марказӣ) — падарарӯси Шо­мил роҳбарй мекарданд. Идеологияи Муридизм ба муборизаи кӯҳистониёни поро­канда ва гуногунзабони Кавказ тобиши динӣ ва муташаккилии муайян дода, дар баробари он кӯҳистониёни мазкурро аз дигар халқҳо ҷудо мекард, нисбат ба мардумони ғайри мусулмон нафрати онҳоро меафрӯхт ва ба ин минвол онҳоро аз  ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дур ме­кард. Муридизм баъди ба Россия ҳамроҳ шудани Кавказ (1864) барҳам хӯрд. Солҳои 1918—21 ғояҳои Муридизмро миллатчиёни буржуазӣ ва помешикони клерикалии иртиҷопараст дар Кавказ истифода бурданӣ шуданд.

Адабиёт: Смирнов Н. А., Мюридизм на Кавказе, Москва, 1963.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …