МУОДИЛАИ КОШИ-РИМАН дар назарияи функсияҳои таҳ- л и л ӣ, муодилаи дифференсиалии ҳосилаҳояш хусусии тартиби якумро гӯянд, ки вобастагии қисми ҳақиқӣ ва қисми мавҳуми функсияи таҳлилии w = и + iv тағйирёбандааш комплексии х = х + iy-ро ифода мекунад, яъне
Ин навъ муодилаҳо дар назарияи функсияҳои таҳлилӣ ва татбиқи онҳо ба масъалаҳои механика ва физика аҳамияти калон дорад. Ин Гуна муодилаҳоро бори аввал Ж. Даламбер, Л. Эйлер муоина кардаанд, лекин он дар илм бо номи О. Коши ва Б. Риман маъмул гардидааст.