Маълумоти охирин

МУНДА

mundaМУНДА, гурӯҳи халкҳои Ҳиндустон (аз ҷумла худи мунда, санталҳо, хо, кхариа, корку, савара, гадаба, ҷуанг, бирҳорҳо, буҳумиҷҳо ва ғайра), ки асосан дар ҷануби штати Би­ҳор, штатҳои Орис, Банголаи Ғарбӣ зиндагӣ мекунанд. Шумораашон тақрибан 7,5 миллион нафар. (1978). Ба забо­ни мунда гап мезананд. Ба дини дорои унсурҳои анимистии бо ҳиндуия омехта эътиқод доранд. Мунда авлоди қадимтарини аҳолии Ҳиндустон мебошанд, ки аз истибдоди халқҳои дравид ва баъдтар ҳиндуэронӣ дар ноҳяҳои ҷангалзори кӯҳии Ҳиндустони Марказӣ паноҳ ёфтаанд. Мунда аз охири асри 18 зери асорати мустамликадорови антлис афтод. Солҳои 1818-20, 1855—95 шӯришҳои калони миллии озодихоҳонаи халқҳои Мунда ба 1908 амал омаданд. Мунда аз ҷиҳати тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва этникӣ давраҳои гуногунро аз cap мегузаронанд. Баробари халқҳои пешқадам (Мунда, санталҳо ва ғайра), инчунин гурӯҳҳое (ҷуанг, бирҳорҳо) ҳастанд, ки акнун аз шикор ва ҷамъоварии меваю реша ба деҳқонии оддитарин мегузаранд ва дар рӯзгори онҳо бисёр боқимондаҳои сохти авлодӣ-қабилавӣ вуҷуд доранд. Машғулиятҳои асосии Мунда деҳқонӣ (шолӣ, арзан, лубиё, сабзавот), аммо дар зиндагии онҳо шикор ва ҷамъоварии меваю реша низ роли махсус мебозад.  Aз ҳунармандӣ кулолӣ, бофандагӣ, кандакорӣ тараққӣ кардааст. Қисми Мунда дар кӯҳкорӣ ва саноати металлургӣ кор мекунад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …