Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУНҶ

МУНҶ

vicia-sativaМУНҶ, мунч (Vicia sativa), гиёҳи як ё дусолаест аз оилаи лӯбиёиҳо. Баландиаш 20—100 сантиметр; пояиасо­сан рости сершохча, барги мураккаб (дарозиаш 4—10 сантиметр), ки аз 3—8 ҷуфт баргча иборат аст, гули гу- ногунранг, ғилофаки 4—12-тухма, тухми гуногунранг (ашҳабия сабзча, дорчинӣ, сиёҳтоб ва ғайра) дорад. Моҳхои апрел- июн гулу мева мекунад. Мунҷ дар Европа, кишварҳои баҳри Миёназамин, Осиёи Хурд ва Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (Қисми европоӣ, Кавказ, Сибири Ғарбӣ ва Шарқӣ, Шарқи Дур, Осиёи Миёна) паҳн шудааст. Мунҷи худрӯй дар Тоҷикистон асосан дар алафзори нимсаванн ва ҷангали гармсер (шиблак), инчунин ҳамчун алафи бегона дар киштзори гандум, ҷав, ҷавдар, наск (500—1800 метр аз соҳили баҳр мерӯяд. Асо­сан дар қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз, ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ, Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ паҳн шу­дааст.

Мунҷ хӯроки хуби чорвост. Онро дар хоки сернам мекоранд. Одатан, бо растаниҳои дигар омехта кишт мекунанд. Махсусан бо хӯшадорҳо хушхӯр мешавад. Хошоки Мунҷ серғизо аст. Мунҷ дар давраи гулшукуфт 1,4% қанди ҳалшаванда, 26,6% протеин, 22,2% сафеда, 5,3% равған ва ғайра дорад. 100 килограмм алафи хушки Мунҷ 20,1 килограмм протеини ҳозим дошта, 80,6 воҳиди хӯрокӣ аст. Аз ҷиҳати серғизоӣ ба себаргаи сурх наздик аст.

Адабиёт: Қосимов Ҷ. Қ. (ва дигар, Зироатҳои Тоҷикистон. Душанбе, 1075; Флора Таджикской Советской Социалистической Республики, том 5, Ленинград, 1978.

М. Р. Расулова.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …