Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУЛЧОНИДАН

МУЛЧОНИДАН

mulchonidanМУЛЧОНИДАН (англисӣ, mulch — решал растаниҳоро бо коҳ, пору ва ғайра пӯшонидан), бо мулчҳо (мулчкоғаз, торфмайда, пору, компост, хазон ва ғайра) пурра ё қисман пӯшонидани сатҳи хок. Мулчониданро дар хоҷагии қишлоқ ҳангоми парвариши сабзавот, дарахтони мева, ғуҷуммева, растаниҳои ороишӣ ва ғайра истифода мекунанд. Мулчонидан сарфи меҳнатро барои коркарди байни қаторҳо кам, шароити сабзиши растаниҳоро беҳтар намуда, ҳосилхезии хокро баланд мебардорад. Мулчонидан инчунин бухоршавии нами ва амплитудам тагйнрёбии ҳарораги шаборӯэии хокро кам карда, замин- ро аз шусташавӣ, сафолак нигоҳ медорад ва ба рушди алафҳои бе­гона монеъ мегардад. Мулчонидан махсусан дар районҳои иқлимашон гарм ба­рои баланд бардоштани ҳосили зироати хоҷагии қишлоқ фоидабахш аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …