МУКОФОТИ БА НОМИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА, мукофоти адабиест, ки ИН Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Комитети советии якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африка ба муносибати 70-солагии классики адабиёти советӣ, муборизаи матнии роҳи сулҳ ва озодии халқҳои мазлуми Шарқ — Мирзо Турсунзода таъсис кардаанд. Мукофот (медали тилло ва диплом) ба адибони Шарқи хориҷӣ, ки дар асарҳояшон сулҳу дӯстии халқҳои Осиёву Африка ва Иттифоқи Советиро тарғиб менамоянд, супурда мешавад. Нахустин лауреатҳои Мукофот шоир ва ҳодими ҷамъиятии Мозамбик Марселину душ Сантуш, шоири фаластинӣ Муаййан Басисо, шоири ҳинду Субҳас Мукерҷӣ, нависандаи ветнамӣ Нгуен-дин- Тхи, шоир ва ҳодими ҷамъиятии афғон Сулаймон Лоиқ гардиданд.
П. Турсунзода.