Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУҚАДДИМАТ – УЛ – АДАБ

МУҚАДДИМАТ – УЛ – АДАБ

unnamed“МУҚАДДИМАТ – УЛ – АДАБ” дастури забони арабӣ, луғати дузабонаи таълимии арабӣ-форсӣ (тоҷикӣ). Ба забони арабӣ тақрибан охири асри11 ва нимаи аввали асри 12 аз тарафи Замахшарӣ таълиф гардидааст. Аз 5 қисм иборат аст: 1) исмҳо; 2) феълҳо; 3) ҳуруф (ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ); 4) баргардониши исмҳо; 5) тасрифи феълҳо. Дар се қисми аввал исмҳо, феълҳо ва ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқи забони арабӣ бо тарҷумаи форсӣ-тоҷикиашон ҷой дода шудаанд, Ду қисми дигари китоб дастури таълими забони арабӣ мебошад. Замахшарӣ дар шарҳи калимаву ибора ва ҷумлаҳои арабӣ (дар қисмҳои 1—3) кӯшидааст бештар аз калимоти аслии форсӣ-тоҷикӣ истифода кунад. Ин қисми китоб ҳамчун луғати дузабонаи қадимӣ аҳамияти калони илмию таърихӣ дорад. Нусхаҳои дастнависи «Муқаддимат-ул-адаб», ки асосан дар асрҳои 14—15 китобат шудаанд, дар китобхонаҳои Иттифоқм Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР ва хориҷа маҳфузанд. Дар яке аз нусхаҳо калимаҳои арабӣ ба забони хоразмӣ шарҳ дода шудаанд. Ин нусхаро олими турк Закӣ Валидӣ бо унвони «Тарчумаи хоразмии «Муқаддимат-ул-адаб» соли 1951 дар Истамбул ба тариқи аксӣ (факсимиле) чоп кард. Бори на-хуст олими немис Ч. Г. Ветцштейн соли 1843 дар Лейпциг « Муқаддимат-ул-адаб»-ро пурра ба табъ расонд. Се қисми аввали « Муқаддимат-ул-адаб» соли 1963 дар Теҳрон бо кӯшишу эҳтимоми Сайидмуҳаммад Козими Имом бо номи «Пешрави адаб» ба табъ расид.

А. Ахмадҷонзода.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …