Маълумоти охирин

МУИН Муҳаммад

personМУИН Муҳаммад (1913, Рашт, Эрон — 1971, Теҳрон), адабиётшинос ва забоншиноси эронӣ. Профессори Университети Теҳрон. Дар Теҳрон таҳсил карда­аст. Аввалин доктори Университети Техрон буд. Муаллифи бештар аз 300 -таълифотн илмӣ доир ба адабиёт, фалсафа, асотир ва забонҳои давраҳои қадим ва миёнаи эронӣ мебошад: «Маздаясна ва таъсири он дар адабиёти порсӣ» (1947), «Ҳикмати ишроқ ва фарҳанги Эрони бостон» (1951), «Таҳлили «Ҳафт пайкар»-и Низомӣ» (1960), «Ҳофизи ширинсухан», «Амир Хисрави Деҳлавӣ», «Оинаи Искандар», «Баргузидан шеъри форсӣ» (1955), «Баргузидаи насри форсӣ», «Шумораи ҳафт ва «Ҳафт пайкар»-и Низомӣ ва ғайра Муин инчунин чанде аз асарҳои адибони форс-тоҷикро ба нашр ҳозир кардааст: «Ча- ҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Са­марқандӣ, «Донишномаи Алоӣ»-и Абӯалӣ ибни Сино, «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн»-и Носири Хисрав, «Ҷавомеъ- ул-ҳикоёт»-и Авфӣ ва ғайра. Луғати «Бурҳони қотеъ»-ро бо тасҳеҳ нашр намуд. Муддати зиёд дар тайёр кар­дани луғатномаи Деҳхудо ба ӯ ёрӣ расонид. Пас аз марги Деҳхудо нашри луғати ӯро ба ӯҳда гирифт. Ғайр аз ин худаш дар 6 ҷилд луғате тартиб додааст. Муин ҳамчун шоир низ машҳур аст. Муаллифи ғазалу ру- боиҳо, достони «Ситораи Ноҳид ё достони Хурдоду Амрдод» (1937) аст, ки дар асоси сюжети устураҳои Эронӣ бостон навишта шудааст.

Ғ. Қодиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …