Муҳорибаи байни қӯшунҳои русу швед, ки 15 июли 1242 дар дарёи Нева ба амал омада буд. Шведҳо мақсад доштанд, ки резишгоҳи дарёи Нева ва шаҳри Ладогаро забт карда, бо ҳамин қитъаи муҳими роҳи савдоеро, ки зери назорати Новгороди Кабир буд, ба даст оваранд. Князи Новгород Александр Ярославич ба расидани тамоми қувваҳои худ мунтазир нашуда, қад- қади деҳаи Волхов пеш аз шведҳо ба шаҳри Ладога расид. Дар ин ҷо ба ӯ дружинаҳои маҳаллӣ ҳамроҳ шуданд. То ин дам шведҳо бо иттифоқчиёни худ (норвегиҳо ва финҳо) ба резишгоҳи дарёи Ижора расиданд. Русҳо аз туман истифода бурда, ба лагери шведҳо ҳамлаи ногаҳонӣ карданд ва душманро торумор науданд. Княз Александр Ярославич барои маҳорати лашкаркашӣ ва шуҷоате, ки дар ин муҳориба нишон дод, лақаби Невскийро ирифт. (нигоҳ Александр Невский). Аҳамияти ҳарбию сиёсии Муҳорибаи Нева аз он иборат аст, ки дар натиҷаи ин ғалаба таҳдиди душман аз Шимол бартараф ва сарҳадҳои Россия а тарафи Шветсия бехатар гардид.