Мӯҳлати кафолат ё худ гарантия (вақти муайян ва гарантия) дар ҳуқуқи граждан и, 1) муҳлате, ки дар бадали он харидор метавонад нуқсони маҳсулот (мол)-ро муқаррар намуда, ба молсупор (фурӯшанда) даъвои дахлдори худро изҳор кунад. 2) Муҳлате, ки дар бадали он созандаи мол хизмати бенуқсону бардавоми маҳсулотро таъмин менамояд.
Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ муқаррар намудани Мӯҳлати гарантия яке аз воситаҳои муҳими баланд бардоштани сифати маҳсулот, зиёд намудани эътимодбахшию доштнокӣ ва таъмини сифатҳон баландтарини маҳсулот мебошад. Агар Мӯҳлати гарантия дар ягон маҳсулот аз тарафи ГОСТ ё ба туфайли шароити техникӣ пешбинӣ нашуда бошад, пас тарафайн метавонанд, ки дар шартнома онро мустақилона муқаррар кунанд ё мӯҳлаташро дарозтар намоянд. Мӯҳлати гарантия одатан аз лаҳзаи ба харидор дода шудани маҳсулот (мол) шурӯъ мегардад. Соҳиби мол (созанда) уҳдадор аст, ки нуқсони махсулотро бемузд бартараф кунад ё дар сурати бо айби харидор набудани ин нуқсонҳо маҳсулотро иваз намояд.