Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАД ИБНИ МАҲМУДИ ИСФАҲОНӢ

МУҲАММАД ИБНИ МАҲМУДИ ИСФАҲОНӢ

nophotoМУҲАММАД ИБНИ МАҲМУДИ ИСФАҲОНӢ   (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), меъмор, ҳаттот ва наққоши асри 14 форс-тоҷик. Муҳаммад аз овони ҷавонӣ ба санъатҳои ҳаттотӣ, ҷадвалкашӣ ва наққошӣ шавқ пайдо намуда, барои такмили ҳунар ба Шероз рафт. Муҳаммад дар ҳаттотию наққошӣ шӯҳрати тамом дошт ва ороишу китобати ду нусхаи девонҳои Саъдӣ ва Ҳофиз ба қалами ӯ мансуб аст (ҳоло дар Нигористони Бодлйён). Муҳаммад баробари хаттотӣ ва мусаввирӣ чун меъмор ва бинокори забардаст низ шӯҳрат дошт. Темур баъди забт кардани Исфаҳон ӯро дар катори дигар санъаткорон ба Самар­қанд овард. Муҳаммад дар Самарқанд ба ҳаттотону наққошон ва меъморон сарварӣ мекард. Аз намунаҳои барҷастаи ҳунари Муҳаммад ороиши Гӯри Мир, сохтмону ороиши ансамбли хонақоҳ ва мадрасаи Муҳаммадсултон (тақрибан 1404) дар Самарқанд буда, дар он намунаҳои олии санъатҳои наққошӣ, хатто­тӣ ва амалӣ истифода шудааст. Махсусан, катибаҳои ин ёдгориҳо хеле ҷо­либ буда, онҳоро Муҳаммад ба ҷо овардааст.

Ад.: П у г а ч е н и о в а Г. А., Р в м- п е л ь Л. И., Выдающиеся памятники ар­хитектуры Узбекистана, Ташкент, 1058: П у л а т о в М. С., Зодчий и эпоха, О НУ, М 8—0, 1060.

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …