МУҲАММАД БОҚИРИ ҲИРАВӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хушнавис ва донишманди асри 16 форс-тоҷик. Писари хушнависи машҳур Миралии Ҳиравӣ. Санъати хушнависиро аз падараш омӯхтааст. Муҳаммад Боқирӣ илмҳои маъмули давр, хусусан, калом ва ҳикматро хеле мукаммал медонистааст. Муҳаммад Боқирӣ аввал дар Ҳиндустон, дар дарбори Хонихонон хидмат кард. Баъдҳо ба дарбори Ҳумоюнподшоҳ роҳ ёфта, вазифаи наққошию хушнависиро ба ӯҳда дошт. Муҳаммадҳусайни Хиравӣ ва Муҳаммадаминро ҳамчун шогирдови беҳтарини Муҳаммад Боқирӣ ном бурдаанд. Осори боқимондаи хаттотии ӯ дар китобхонаҳои Париж, Истамбул ва Теҳрон маҳфузанд.
К. Махсумов.