Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МУБОРИЗА БАРОИ ҲАЁТ

МУБОРИЗА БАРОИ ҲАЁТ

muboriza-hayotМУБОРИЗА БАРОИ ҲАЁТ, маҷмӯи равобити мураккаби организмҳои зинда байни ҳамдигар ва муҳит, ки дар натиҷаи он фардҳои бештар мутобиқгашта зинда мемонанд ва насл мегузоранд. Мафҳуми Мубориза барои ҳаётро Ч. Дарвин пешниҳод намуд ва асосҳои назариявии онро кор карда баромад. Минбаъд назарияи Мубориза барои ҳаётро И. И. Шмальгаузен, А. М. Северцов ва дигар олимон инкишоф доданд. Мафҳуми Мубориза барои ҳаёт бо интихоби табиӣ робитаи зич дорад. Мубориза барои ҳаёт фаъол (бевосита) ва ғайрифаъол (бавосита) мешавад. Ҳангоми муборизаи фаъол фардҳо барои ҷои зист, хӯрок, имконияти афзоиш ва ғ. байни худ бевоесита задухурд мекунанд (мас., талоши фардҳои нарина барои модина). Муборизаи ғайрифаъоли мураккабтар аст, яъне шароити зиндагӣ барои тамоми фардҳо як хел бошад ҳам, муқобилати онҳо ба таъсири ногувори шароит гуногун мешавад. Мас., ба хунукӣ тоб овардан, қобилияти аз даррандаҳо худро муҳофизат кардан ё гурехтан ва ғ.

Мубориза барои ҳаёт дар байни организмҳо ба муборизаи дохилинамудӣ ва байнинамудӣ ҷудо мешавад. Муборизаи дохилинамудӣ дар байни фардҳои як намуд барои ишғол кардани ҷои лонасозӣ, тухмгузорӣ, ғизо ва дигар омилҳои зарурӣ содир мегардад. Муборизаи байнинамудӣ на фақат дар байни фардҳои алоҳидаи намудҳои гуногун (байни растаниҳои бегона ва боғӣ, ҳаивонҳои дарранда ва алафхӯр, наразитҳо ва соҳиби онҳо), балки дар байни оила ва гурӯҳи организмҳо (мас., занбӯри асал, мӯрча) низ ба вуҷуд меояд. Дар ин маврид аксар организмҳои заиф ҳалок мегарданд с бенасл мемонанд. Татбиқи Мубориза барои ҳаёт ба ҷамъияти инсонӣ боиси ба вуҷуд омадани яке аз ғояҳои реакционии идеологияи буржуазӣ — социал-дарвинизм гардид.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …