Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУАЙЯНКУНАНДА

МУАЙЯНКУНАНДА

muayyankunandaМУАЙЯНКУНАНДА, он аъзои пайрави ҷумла, ки аз ҷиҳати грамматикӣ ба ҳиссаҳои номии нутқ тобеъ буда, аломат, сифат, хусусият, муносибат ва соҳибиятро мефаҳмонад. Муайянкунанда бе муайяншаванда вуҷуд надорад, аз ин рӯ, баъзан онро аъзои пайрави номустақил меноманд. Муайянкунанда аз рӯи ифодаи маъно, мавқеъ ва воситаи алоқа бо муайяншаванда ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешавад: изофӣ ва беизофа. Муайянкунандаҳои изофӣ баъди муайяншаванда ҷой мегиранд ва ба воситаи бандаки изофӣ (-и) ба он тобеъ мегарданд (алоқаи мувофиқат): гули сурх, газетаи деворӣ, хонаи нодир ва ғ. Муайянкунандаҳои изофӣ ба ду гурӯҳ — Муайянкунандаҳои сифатӣ ва соҳибӣ тақсим мешаванд. Муайянкунандаи сифатӣ дар навбати худ се гурӯҳро ташкил медиҳад: Муайянкунандаи тавсифӣ — аломату хусусияти аслии предмет (таъм, бӯй ранг, ҳаҷм ва ғ-ро) мефаҳмонад ва бо сифатҳои аслӣ ифода мешавад: себи ширнӣ, лолаи сурх, синфи калон ва ғ.; Муайянкунандаи нисбӣ нисбатро ифода мекунад: билети студентӣ, хонаи хиштин, меҳнати эҷодӣ, кишти тирамоҳӣ, мурғи даштӣ ва ғ.; Муайянкунандаи сифати феълӣ бо сифати феълӣ ифода мешавад ва хусусиятҳои онро дорост: одамони омадагӣ, ҷавони нишаста, замкии бекорхобида ва ғ. Муайянкунандаҳои соҳибӣ соҳибият ва нисбат доштанро ифода мекунанд: китоби талаба, студенти университет, хоҳари арӯс, хониши булбул, ҷустуҷӯи китоб ва ғ. Муайянкунандаҳои беизофа (ки бо алоқаи ҳамроҳӣ ба муайяншаванда тобеъ мегарданд) миқдори предметро нишон дода, ба аломат, хусусият ва адади он ишора мекунанд. Бо шумораҳои миқдорӣ, ҷонишинҳои ишоратӣ, таъинӣ, манфӣ, номуайянӣ ва зарфҳои миқдор ифода меёбанд: даҳ китоб, ҳамин синф, ҳар навъ гул, чанд шеър ва ғ.; як навъи махсуси Муайянкунанда баёния ном дорад (Ватан — Модар, партия — сарвари донову тавоно).

Ад.: Таджиев Д. Т., Способы связи определения с определяемым в современном таджикском литературном языке, Сталинабал, 1055; Забони алабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис, Д., 1970.

М. Норматов

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …