Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОШИНИ ЧОП

МОШИНИ ЧОП

printerМОШИНИ ЧОП дар полиграфия, мошинест барои чопи китобу рӯзнома, журналу плакат, этикеткаҳои гуногун ва ғ. хизмат мекунад. Ҷузъҳои асосии Мошини чоп инҳоанд: аппарати чоп (рангро аз қолаб ба коғаз мегузаронад); аппарати рангмол (ба рӯи қолаб ранг мемолад); системаи интиқоли коғаз (коғазро ба аппарати чоп медарораду коғази матндор— оттискро аз он мебарорад); ҷиҳози иловагӣ барои қабулу коркарди минбаъдаи маҳсулоти чопӣ; ҳаракатовар ва системаи идоракунӣ.

Мошинҳои чоп аз рӯи сохти аппарати чоп 3 хел мешаванд: ротационӣ, чопи ҳамвор ва тигелӣ. Мошинҳои ротатсионӣ вобаста ба шакли коғаз варақавӣ ва наворӣ мешаванд, ки дар онҳо ҳам қолаб ва ҳам коғазро ба рӯи сатҳи цилиндрӣ ҷойгир мекунанд. Мошинҳои ротационии варақавӣ асосан барои чопи ранга пешбинӣ шудаанд ва мувофиқан барои ҳамаи тарзҳои асосии чоп (чопи баланд, чопи офсет, чопи чуқур) тайёр карда мешаванд. Дар Тоҷикистон асосан аз офсети варақавӣ (дар комбинати полиграфӣ ва матбааи рақами 1 ш. Душанбе) истифода мебаранд. Мошинҳои ротационии навориро низ барои ҳамаи тарзҳои чоп истеҳсол мекунанд. Аз рӯи таъинот мошинҳои навориро ба мошинҳои чопи рӯзнома ва чопи китобу журнал ҷудо мекунанд. Дар матбааҳои РСС Тоҷикистон 3 модели мошинҳои навории чопи рӯзнома (барои чопи баланд) истифода мешаванд: 1) агрегати универсалии ГАУ (паҳнои навори коғаз 1680 мм, суръати калонтарин — 30 ҳазор гард/дақ)—барои чопи рӯзномаҳои марказӣ ва республикавӣ (дар комбинати полиграфии Душанбе); 2) Мошини чопи П В Г-84 ва ПРГ (паҳнои навори коғаз 840 ва 420 мм, диаметри давраи цилиндрҳо 1188 мм, суръати калонтарин 25 ҳазор гард/да к)— барои чопи рӯзномаҳои вилоятӣ (дар матбааҳои Ленинобод, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа); 3) Мошини чопии П В Г-60 (паҳнои навоpи коғаз 600 мм, диаметри давраи цилиндрҳо 840 мм, суръати калонтарин 18 ҳазор гард/дақ)— барои чопи рӯзномаҳои районӣ (дар Орҷоникидзеобод, Турсунзода, Ҳисор ва ғ.). Аз мошинҳои навории чопи китобу журнал дар Тоҷикистон Мошини чопии IIPK-90 (дар комбинати полиграфӣ ва матбааи рақами 1 ш. Душанбе)—барои чопи китобҳои форматашон 900X1200 мм (суръати калонтарин 13500 гард/дақ) ва Мошини чопии ПОК-70 (дар комбинати полиграфии ш. Душанбе)—барои чопи китобҳои форматашон 700X920 мм (суръати калонтарин 18 ҳазор гард/дақ) истифода мешаванд.

Мошинхои чопи ҳамвор фақат барои чопи баланд пешбинӣ шудаанд. Суръати кори ин мошинҳо назар ба суръати кори мошинҳои ротационии варақавӣ хурд аст, аммо онҳо барои бевосита аз қолабҳои ҳуруфчиниву клишеҳои ҳамвор чоп кардани материал имкон медиҳанд ва мавриди чопи маҳсулоти камтираж самара намебахшад. Дар мошинҳои чопи ҳамвор қолабро рӯи миз пешу оқиб ҳаракат медиҳанд, коғазро бошад, рӯи цилиндри чархзананда ҷойгир мекунанд. Ин навъ мошинҳо дудавра (дар давоми як цикли корӣ цилиндр ду бор давр мезанад), якдавраи истанда (цилиндр баъди як давр меистад) ва реверсивӣ мешаванд Мас., мошинҳои дудавраи ПД-2, ПД-3 (формату коғаз 840X1080 мм, суръати калонтарин 3120 цикл дар як соат) ва 2ПД-5 (формати коғаз 700Х Х1000 мм, суръати калонтарин 3000 цикл дар як соат) дар комбинати полиграфӣ ва матбааи рақами 1 ш. Душанбе, матбааи рақами 18, матбааҳои Хоруғу Ленинобод, мошинҳои якдавраи ПС-ДЗ (формати коғаз 450X600 мм, суръати калонтарин 4500 цикл дар як соат) дар матбааҳои Орҷоникидзеобод, Ленинобод ва ғ., мошинҳои якдавраи истанда ПС-1М (формати коғаз 450X600 мм, суръати калонтарин 2100 цикл дар як соат) дар ҳамаи матбааҳои Тоҷикистон кор фармуда мешаванд.

Мошинҳои тигелӣ барои чопи баланди маҳсулоти хурдформату камтираж пешбинӣ шудаанд; дар онҳо қолабҳои ҳамвор истифода мешаванд (ҳам қолаб ва ҳам коғазро дар сатҳҳои ҳамвор ҷойгир мекунанд). Мошинҳои тигелии навъи сабук ва навъи вазнин мавҷуданд. Мошинҳои тигелии сабук барои чопи матнҳои оддӣ, мошинҳои тигелии вазнин барои чопи тасвирот хизмат мекунанд. Дар матбааҳои районӣ ва шаҳрии республика асосан аз мошинҳои тигелии сабук (бо гузариши дастии коғаз) ПТ-4 (формати коғаз 300X450 мм, суръати калонтарин 1500 цикл дар як соат) истифода мебаранд.

Такомули минбаъдаи таҷҳизоти чоп бо роҳи вусъат ёфтани истифодаи мошинҳои ротационии навора, зиёд кардани адади мошинҳои чопи ранга (бо агрегатонидани процесси ороиш) ва формати коғаз, баланд намудани суръати чоп, кам кардани амалиёти ғайриистеҳсолию ёрирасон ва ғ. ба амал меояд.

Ҳ. Ҳайдаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …