МОШИНҲОИ РОХСОЗӢ, мошин ва механизмҳоеанд барои иҷрои комплекси корҳои сохтмон, нигоҳубин ва таъмири роҳҳои автомобил; дар сохтмони гидротехникӣ, саноатӣ, гражданӣ, аэродромҳо, роҳи оҳан ва ғ. низ истифода мешаванд. Барои корҳои тайёрӣ аз мошинҳои кӯчондану решаков кардани дарахтҳо, буридани буттаҳо, мошинҳои сангчин, ковоккунанда ва ғ.; барои корҳои заминковӣ аз скреперҳо, булдозерҳо ва дигар мошинҳои заминков; барои шибба кардани хок, асос ва рӯипӯши роҳҳо аз виброплитаҳо, шиббамошинҳо ва ғ.; барои сохтмони асосу рӯйпӯшҳои роҳҳо аз битумкашҳо, гудронаторҳо, цементкашҳо ва ғ.; барои таъмиру истифодаи роҳҳо аз автогрейдеру ҳамворкунандаҳо, бетоншиканҳо, барфтозакунакҳо ва ғ. истифода мебаранд.
Ад.: Беспалов И. А., Шелюбсин А Б. В., Дорожно-строительные машины и оборудование, Киев, 1980.