МОНОФАГИЯ (аз моно… ва юн. phagein — хӯрдан), чинхӯрӣ, ба хӯрдани фанат як хели хӯрок одат кардани ҳайвонот. Ҳашарот, баъзе кирмҳо, харчангшаклҳо ва нармбаданҳо аз ҷумлаи чунин ҳайвонотанд. Дар байни мӯҳрадорон чинхӯрон хеле каманд. Моноскоп бештар ба ҳашароти растанихӯр (мас., гамбӯсаки нӯлдарозак Calandra granaria танҳо дони гандумро мехӯрад ва гамбӯсаки калони нӯлдароз ба ҷуворимакка одат кардааст) ва инчунин ба паразити ҳайвонот (мас., нематода Cystoopsis acipenseris фақат дар моҳии стреляд зиндагӣ мекунад; кирми макак Аnсhylodiscus siluri бошад, дар лаққамоҳӣ ёфт шудааст) хос аст. Баъзе харчангҳои баробарпо ва инчунин паразитҳои хунмак (кана, кайк, шабушк) низ аз ҷумлаи ҳайвоноти чинхӯранд.