Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОНИКАҶ

МОНИКАҶ

МОНИКАҶ, деҳа, маркази С. Қ. Роҳатов райони Ленин РСС Тоҷикистон. Терр. колхози «Роҳатӣ». Дар сари роҳи автомобилгарди Душанбе—Орҷоникидзеобод воқеъ гаштааст. Аз Мозандарониҳо то маркази район 37 км. Аҳолиаш 1360 нафар. (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола, китобхона, клуб, 2 магазин, ошхона, касалхона, шӯъбаи алоқа, нуқтаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ. Заминҳо аз д. Кофарниҳон обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …