МОҚУТ (ар. аз об ва — хӯрданӣ, ғизо), як навъи ширинӣ ва полуда (кисель), таомест ширин, латиф, ки аксар дар айёми ид ва ҷашнҳо ҳозир мекунанд. Тарзи тайёр кардани Моқут чунин аст: ба дегча об, мувофиқи табъ шакар 3—4 барг заъфарон андохта, хуб меҷӯшонанд, дар ҳолати ҷӯш орди биринҷ ё нишостаро андак-андак андохта, бо чумча кофта меистанд то ба қиём ояд. Агар мавҷуд бошад, ба об як пиёла гулоб ҳам илова мекунанд. Моқутро ба табақчаҳо кашида мемонанд то ки хунук шавад. Гоҳо мағзи бодом ва пистаро низ куфта ба рӯи Моқут мепошанд. Тарзи тайёр кардани орди биринҷ ин аст: биринҷро 2—3 соат тар карда монда, хуб шӯста, соф карда, дар офтоб хушконда, мекубанд ва аз ордбеза мегузаронанд. моқут аз шаҳрҳои Осиёи Миёна дар бухоро ҳанӯз хам маъруф аст.
И. Раҳматов.