Маълумоти охирин

МОКУ

МОКУ, 1) мокуи бофандагӣ, қисми кории дастгоҳи бофандагиет, ки дар асоси бофтани матоъ дар байни риштаҳои асосӣ (пуд) риштаи сареҳ (тор) могузаронад. Моку комаи махсус дорад, ки дар он найчаи риштадор ҷойгир шудааст (ниг. расм). Моку аз чӯби дарахтҳои сахт

(заранг, шамшод, зардолу, тут, ака­ция), инчунин аз пластмасса, аррамайдаи прессонида тайёр карда ме­шавад. Барои устувор ва суфта намудани сатҳи Моку онро бо фибраи ғафсиаш 2 мм рӯйкаш мекунанд. Ба нуӯгҳои Моку сарпушакҳои пӯлодин мепӯшонанд. Сохти Моку вобаста ба сохт ва таъиноти дастгоҳҳои бофандагӣ, ғафсии тор ва комаи найчаи ришта­дор гуногун мешавад. 2) Мокуи дӯзандагӣ — қисми кории мошиин дарздӯзии найчадор, ки ба кӯки чок риштаи поёниро мепайвандад.

 

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …