Маълумоти охирин

МОҲАН СИНГХ

nophotoМОҲАН СИНГХ (таваллуд 20. 10. 1905, Мардон, Ҳиндустон), шоири ҳинду. Ба забони панҷобӣ менависад. Аз оилаи табиб. Ба майдони адабиёт солҳои 20 омадааст. Мавзӯи асосии давраи аввали эҷодиёти Л. С. васфи муборизаи халқи Ҳинд ба муқобили мустамликадорон ва танқиди истисморкунандагон мебошад. Дар шеърҳое, ки шоир пас аз истиқлолияти Ҳиндустон (1947) навиштааст, мавзӯи сулҳу дӯстӣ ва мубориза (бap зидди ҷангҷӯён ҷои намоёнро ишғол менамояд. Яке аз ҷиҳатҳои хоси эҷодиёти шоир муқоисаи ду сохти ҷамъиятӣ — сохти социалистӣ ва капиталистӣ буда, шоир бартарии сохти социалистиро нишон медиҳад. Дар ашъори Моҳан Сингх таъсири адабиёти форс-тоҷик ва шоирони романтикӣ асри 19 англис ба назар мерасад. Муаллифи маҷмӯаи шеърҳои «Баргҳои сабз» (1936), «Гули Касумбҳара» (1954), «Овозҳо») (1954), «Субҳидам» (1958) ва ғ. Достони «Напакян» (1971) ба шоири машҳури панҷобӣ Гуру Нанак бахшида шудааст. Шеърҳои Моҳан Сингх ба забони халқҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ (шеърҳои «Суруди панҷобӣ», ж. «Шарқи Сурх», 1963, № 9, «Лабханди гул», г. «Маориф ва маданият», 1 май 1965, 1 шеър дар маҷмӯаи «Занҷири гусаста», Д., 1967 тарҷума шудаанд.

Ос.: Избранное, М., 1960.

Ҳ. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …