Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОЕЪ

МОЕЪ

moeМОЕЪ, яке аз ҳолатҳои агрегатии моддаро гӯянд (ҳолатҳои дигари агрегатии модда — сахт ва гэшакл). Соҳаи мавҷудияти Моэъҳо байни ҳароратҳои гузариш ба ҳолати сахти (кристаллизация) ва гузариш ба ҳо­лати газӣ (буғшавӣ) воқеъ аст. Моэъҳо бо як қатор хосиятҳои худ ҳам ба ҷисми сахт ва ҳам ба газҳо шабоҳат доранд, Мас., хосияти изотропӣ ва шакли муайян надоштани Моэъ онро ба газ, вале зичии калон, кам тазйиқпазии будан ва таъсири мутақобили зӯри байни молекулаҳояшон онро ба қисми сахт монанд мекунад. Ғайр аз ин, таҳлили рептгеноструктури аён намуд, ки моле­кулаҳои Моэъ бетартиб (хаотикӣ) набуда, балки дар ҳаҷмҳои хурд нисбат ба якдигар бо тартиби муайян ҷой гирифтани молекулаҳои ҳамшафат ҷой дорад. Яъне ҳар як зарраро аз масофаи наздиктарии шумораи муайяни зарраҳои ҳамшафат иҳота мекунад. Эҳтимоли дар ин ё он нуқтаи ҳаҷми Моэъ воқеъ гардидани чанде аз молекулаҳои он ба мавқеи молекулаҳои дигари Моэъ вобаста аст. Чунин алоқамандии эҳтимолӣ ва ҷойгиршавии молекулаҳои Моэъ миқдоран бо функцияҳои тақсимот ифода меёбанд. Соддатарини онҳо — функцияи тақсимоти радиалӣ С (г) ҷойгиршавии радиалии зарраҳои Моэъ соддаи якҷинсаро ифо­да мекунад. Агар G(r) маълум бо­шад (онро аз тадқиқи пароканиши нурҳои рентгенӣ, нейтронҳо ва электронҳо муайян мекунанд), муодилан ҳолати Моэъ ва характеристикаҳои кинетикии онро ёфтан мумкин аст. Лаппишҳои ҳароратии молекулаҳои Моэъ аз мавқеи мувозинат бо басомаде ба амал меоянд, ки ба ҳисоби миёна ба басомади лаппиши атомҳои кристалл наздик буда, амплитудаашон аз рӯи «ҳаҷми озоде», ки молекулаҳои ҳамшафат дар атрофи ҳар молекула ба вуҷуд оварда мета­вонанд, муайян карда мешавад. Чу­нин ҳолатҳои мувозинати молекулаҳо лаҳзавӣ ва ноустуворанд, бинобар он Моэъ ба хосиятҳои худдифузия ва ҷоришавандагӣ соҳиб аст. Моэъҳо (ғайр аз кристаллҳои моеъ ва гелий) фақат як модифика­ция доранд. Сатҳҳои ҷудошавии ду фаза (мас., Моэъ ва газ) барои Моэъ бо кашиши сатҳи характернок аст. Дар ҳудуди се фаза (газ — Моэъ ҷисми сахт) ҳодисаи таркунӣ мушоҳида мешавад (ниг. Ҳoдисаҳои сатҳӣ). Хосиятҳои термодинамикии Моэъҳоро аз рӯи муодилаи ҳолат р = = f(T, V), ки вобастагии байни фишор р ҳарорати мутлақ Т ва ҳаҷми хос К-ро муқаррар мекунад, муайян кардан мумкин аст. Муодилаи Вандер-Ваалъс соддатарин муодилаи ҳолат мебошад. Назарияи статистикии ҳозиран Моэъ таркиб ва ҳимаи хосиятҳои Моэъро бо маҷмӯи функцияҳои тақсимоти мавқеи гурӯҳҳои зарраҳо муайян мекунад. Аз ин рӯ, вазифаи асосии назарияи Моэъ аз омӯх­тани функцияҳои тақсимот ва дарёфтани муодилаҳои ҳолат иборат аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …