Маълумоти охирин

МОДУЛ

modulМОДУЛ (аз лот. modulus — меъёр) дар меъморӣ, воҳиди шартӣ, ки барои мутобиқати андозаи қисмҳои бино ё комплекс истифода мешавад. Ҳангоми истифодаи Модул дар бино, иншоот ё конструкцияҳои он бузургии ягонаи нисбатан такроршавандаро ба асос мегиранд, ки он таносуби қисмҳоро таъмин намуда, кори сохтмонро осон мекунад. Дар меъмории халқҳои гуногун вобаста ба хусусиятҳои техникаи сохтмон ва композицияи бино ба сифати Модул андозаҳои мухталиф қабул шудааст. Ба сифа­ти Модули бино яке аз ченакҳои асосии он (мас., кутри гунбаз ё андозаи тарафҳо дар биноҳои равоқдори асримиёнагии Осиёи Миёна ва Европа), андозаи ҷузъи ҷудогонаи иншоот (кутри сутун дар меъмории атака) ё андозаи масолеҳи бинокорӣ (даро­зии хишт ва ғ.) истифода шуда метавонад. Дар меъмории Осиёи Миё­на низ системаи Модул ҳарҷониба ба кор бурда шудааст. Дар асрҳои 14— 15 дар асоси газ, қарӣ (қадам— 1—

қарӣ) барин воҳидҳои ченак нигоштани тарҳи бино маъмул буд. Модул дар меъмории ҳозира ҳамчун воситаи стандартониву унификация ва умуман аз ҷиҳати бадеиву техникӣ мураттабгардонии бино васеъ истифода мешавад. Модули асосии андозааш 10 см ва Модулҳои аз он ҳосилшудаи калону хурд (3 М, 6 М, 12 М, 15 М, 30 М, 60 М) якҷоя бо қоидаҳои истифодабарии онҳо системаи Модулро ташкил медиҳанд. Онҳоро дар асоси меъёру стандартҳои советиву хориҷӣ ва байналхалқӣ муқаррар кардаанд.

В. Абдураҳмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …