Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОДДАИ ТАЪРИХ

МОДДАИ ТАЪРИХ

moddai-tarikhМОДДАИ ТАЪРИХ ка­лима, ибора, мисраъ ё байте, ки аз он ба ҳисоби абҷад санаи воқеае берун меояд. Шоири асри 15 форс-тоҷик Мактабии Шерозӣ таърихи итмоми «Лайлӣ ва Маҷнун»-и худро ин тавр баён кардааст:

Чун Мактаби ин китоб бикшуд,

Таърих «китоби Мактабӣ» буд.

Моддаи таърих ибораи «китоби Мактабӣ» мебошад, ки агар қимати ҳарфҳои онро ба ҳисоби абҷад ҷамъ кунем, аз он санаи дилхоҳи муаллиф, ки солп 895 д. ц. (мутобиқи 1489 м.) аст, берун меояд, яъне:

J = 20 + о = 400 +l = l’+ v = 2 + + f = 40+J=20 + ^> = 400 + *-» = = 2 + iS = Ю ҷамъ 895. То маъмул гардидани абҷад ва давраҳои аввали он низ дар адабиёти форс-тоҷик таърихгун маъ­мул буд, вале бештар матлабро бо сухан баён мекарданд. Низомии Ганҷавӣ таърихи итмомн «Ҳафт пайкар»-ро (14 рамаэони 593 д. н — = 1197 м.) ин тавр зикр кардааст: Аз паси лонсаду навад се бар он гуфтам ин номаро чу номварон.

Рӯз буд чордаҳ зи моҳи сиём,

Чор соат зи рӯз рафта тамом.

Моддаи таърих гуфтан ба қоидаи абҷад аз ҷумлаи санъатҳои шеърин адабиёти форс-тоҷик буда, чун дигар навъҳои санъати маънавию лафзии шеър тадриҷан рӯ ба мураккабӣ овардааст. Mac., Моддаи таърихи манқут аёмуъҷама он аст, ки танҳо аз ҳарфҳои нуқтаҳои арабӣ (бе, те, се, чим ва ғ.) таркиб меёбад ва Моддаи таърихи ғайри манқута ё муҷмала он, аст ки фақат аз ҳарфҳои бенуқта (алиф, де ро, син, ва ғ.) ба ҳам меояд. Моддаи таърихи муттасил он аст, ки танҳо аз ҳарфҳои часпанда (бе, лом, мим, нун ва ғ.) таркиб ме­ёбад ва Моддаи таърихи мунфасила он, ки фақат аз ҳарфҳои душакла (алиф, ро, дол, зол ва ғ.) ба ҳам меояд. Ғайр аз ин Моддаи таърихҳое низ ҳастанд, ки дар асоси санъатҳои тансиф (нисф кардан), тал мед, муаммо, тарҷума ва ғ. сохта шудаанд. Дар асрҳои охир Моддаи таъриҳое дучор меоянд, ки агар соли таваллуди шахсеро ифода кунанд, чизе бар он афзудаанд, вале вафотро дар бар гиранд, чизе аз он костаанд. Порчаи манзумеро, ки дар зимнаш Моддаи таърих меояд,

Қитъаи таърих меномаид. Шоироне ҳастанд, ки ба навиштани қитъаи таърих машҳуранд, мас.,

Акбари Бухороӣ.

Ад.: Асадуллоев С., Оқилов М., Абҷад ва таърихҳо, Д., 1972; Атоулло Маҳмуди Ҳусайнӣ, Бадоеъ-ус-саноеъ, Д., 1974. У. Той роҳ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …