Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОДДАИ МЕТЕОРӢ

МОДДАИ МЕТЕОРӢ

moddai-meteoriМОДДАИ МЕТЕОРӢ дар фазои байнисайёравӣ, ҷисмҳои сахт (ҷисмҳои метеорӣ)-и назар ба астероидҳо ва кометаҳо хеле хурдеро гӯянд, ки дар атрофи Офтоб чарх мезананд. (Бо мушоҳидаҳои фотографӣ ва радиолокационӣ муқаррар карда шуд, ки аксари кулли ҷисмҳои метеорӣ дар атрофи Офтоб аз рӯи мадорҳои эллппей давр мезананд.) Ҳангоми бо Замин дучор шудани ҷисми метеорӣ метеорҳо ба вуҷуд меоянд, ки дар шакли метеоритҳо ба рӯи Замин меафтанд. Ҷисмҳои метеории ниҳоят хурд рушноии Офтобро сахт пароканда карда, дар шакли партави зодиакӣ мушоҳида мешаванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …