Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МОДАГУРГИ КАПИТОЛӢ

МОДАГУРГИ КАПИТОЛӢ

modagurgi-kapitoliМОДАГУРГИ КАПИТОЛӢ симои асотирӣ дар байни римиёни қадим, ки гӯё асосгузорони ривоятии ш. Рим экизакҳо Ромул ва Ремро аз марг наҷот дода маконида калон кардааст. Мувофиқи ривоят, муҳофизони ш. Трояи Осиёи Хурд бо сардории Эней — писари Афродита ва Анхис баъди мағлубият аз душманон ба киштиҳо савор шуда ба музофоти Лациуми Италия меоянд. Дар ин ҷо пасавлоди Эней ва писари ҳокими ш. Альбалонг Амулий бо умеди нест кардани ворисони тахт — Ромул ва Рем, ки аз насли Эней ва кӯдакони Марс ва Рея Сильвия буданд, экизакҳоро ба дарёи Тибр мепартояд. Вале кӯдакон бо ёрии махлуқони обӣ наҷот меёбанд ва онҳоро модагурге дар теппаҳои Капитолии соҳили дарьё парвариш мекунад. Кӯдакон баъди калон шудан таърихи худро аз чӯпоне шунида аз Амулий қасос мегиранд ва дар мавзеи наҷот ёфтаашон ба шаҳре асос мегузоранд. Минбаъд дар байни бародарон низоъ пайдо шуда, Ромул Ремро мекушад ва ба шаҳр номи Рим мегузорад.

Достони корнамоиҳои саравлоди афсонавии римиҳо Эней, экизакҳо- Ромул ва Рем ва Модагурги капитолӣ дар асри 3 то м. чун ривояти расмии шаҳриён қабул шуда, мавзӯи бисьёр асарҳои шоирон, муаррихон, рассомон ва ҳайкалтарошон гардид. Чунончи, ба ин сюжет «Энеида»-и Вергилий бахшида шуда буд. Нақши акизакҳоро маконида истодани Модагурги капитолӣ дар герби Рим, тангаҳои империяҳои Рим ва Рими Шарқи брактеатҳо ва медальонҳои Италия ва Византия, ки ҳангоми ҳафриёти Панҷакент, Шаҳристон ва Одангарон ба даст омадалд, иичунин геммаҳои Эрони давраи Сосониён сикка зада шудаанд. Ба ин мавзӯъ як қатор рассомони Европаи асрҳои гузашта асарҳо бахшидаанд.

Вале дар санъати тасвирии ҷаҳон ягона асареро, ки тамоми мавзӯи ин достонро мукаммал дарбар гирифтааст, иштирокчиёни Экспедицияи ар­хеологии шим. Тоҷикистони Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониши АФ PCС Тоҷикистон ҳангоми ҳафриёти нас­ри афшинҳои Истаравшан (асрҳои 8—9) аз димнаи пойтахти он — ш. Бунҷикат (ҳоло дафинаҳои Қалъаи Қаҳқаҳа I, 11 ва III дар деҳаи Шаҳристони вилояти Ленинобод) ёфтанд. Ин асари рӯи девории дарозиаш шашметраи мураккаби бисьёрперсонаждор аз чанд манзара иборат аст: а) марди болои тахт нишаста (ҳоким) ва зани нимбараҳнаи муйпарешони дар канори тахт зону хам карда, б) марди сияҳпӯш (ҷаллод) ва ҳамон зани нимбараҳна (модар), ки ҳар ду зону хамида дар талоши кӯдаканд, марди камзулу абопӯш (плащ)-и ростистода, в) тасвири дарьё, ки дар он махлуқи гӯшу бурутдори модимонанд шино мекунад, г) дар соҳили дарьё мардуми побараҳнаи куртадароз, д) модагург, ду экизаки лучи синамак ва ҳамон марди камзулу абопӯш (чӯпон).

Композицияи наққошии бисьёррангаи Шаҳристон бо маҳорати баланд акс ёфта, мавзӯи фоҷиавии дос­тони модагургу экизакҳоро хуб тасвир мекунад ва аз ҳамин сабаб дар санъати тасвирии ҷаҳон мақоми махсусе дорад. Тадқиқоти васеи ривоятҳои қабилаҳою халқҳои қадими Осиё ва Европа ба хулосае овард, ки мувофиқи он ривояти модагург ва кӯдакони афгона дар сарзамини қабилаҳои эронинажоди Осиёи Миёна ва Шарқи Миёна ҳанӯз дар замонҳои чамоаи ибтидоӣ (асрҳои биринҷӣ ва ибтидои оҳан) пайдо шуда, Дертар дар байни қабилаҳои бодиянишину муҳимии мамлакатҳои Осиё ва Европа паҳн гардид. Мувофиқи Ривоятҳои эрониёни қадим, ки дар сарчашмаҳои Юнони атиқа акс ёфтааст, модагург ҳатто асосгузори давлати Ҳахоманишиён — Куруши Кабирро дар вақти кӯдакӣ афгона буданаш парвариш кардааст.

Тадқиқоти илмӣ нишон дод, ки ин сюжет аз сарзамини Эрон аввалҳо дар байни этруекҳои Осиёи Хурд, дертар баъди ҳиҷрати онҳо ба Италия (маълумоти Геродот) дар ин сарзамин низ паҳн шуда, яке аз ривоятҳои дӯстдоштаи этрускҳо гар­дид. Муҷассамаи машҳури тиллоии Модагурги капитолӣ, ки этрускдо дар асри 4—5 то м. сохтаанд ва то ҳол дар Музеи Ватикани Рим маҳфуз аст, далели он мебошад. Ба ҳамин тариқ, дар дунёи қадим мубодилаи як сюжети ривоятӣ ба амал омадааст, ки аз иштироки халқҳои эронзамин дар ташаккули маданияти Рими атиқа шаҳодат медиҳад.

Ад.: Негматов Н. Н., Соколов­ский В. М., «Капитолийская волчица» в Таджикистане и легенды Евразии — «Памятники культуры. Новые откры­тия», «Ежегодник» 1074, М., 1075.

Я. Н. Неъматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …