Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МИРЗОИБРОҲИМИ ҚОНУНӢ

МИРЗОИБРОҲИМИ ҚОНУНӢ

nophoto-manМИРЗОИБРОҲИМИ ҚОНУНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусиқидон ва навозандаи асрҳои 15—16 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Ҳирот. Дар санъати хушнависӣ, ҷадвалкашӣ, лаввоҳӣ низ маҳорати баланд дошт. Дар навохтани конун Дар Мовароуннаҳру Хуросон шӯҳрати тамом ёфт. Дар сози қонун ихтирооти зиёде карда, чанд асар бо номи «Нақши Қонунӣ», «Пешрави Қонунӣ», «Савти Қонунӣ» тасниф кардааст, ки дар Ҳиpoт ва берун аз он маъмул будаанд.

Л. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …