МИРЗОЧӮЛ, дашти Мирзо, дашти ҳамворест дар Осиёи Миёна, дар терр. Вилоятҳои Сирдарьёи РСС Ӯзбекистон, Чимкенти РСС Қазоқистон ва pайони Зафарободи вилояти Ленинободи РСС Тоҷикистон. Масоҳаташ 10 ҳазор км2, баландиаш аз соҳили б. 230—385 м. Мирзочӯл дар Ш. то д. Сир, дар то ҳамвориҳои наздикӯҳии қаторкӯҳҳои Туркистону Нурато кашол ёфтааст; дар назди д. Сир бо зинаҳои баландиашон 6—20 м. интиҳо меёбад. Дар Шим. ва Шим. ғ. дашти Мирзочӯл то биёбони Қизилқум тӯл мекашад. Мирзочӯлро аз Қизилқум пастии Арнасой ҷудо мекунад. Мирзочӯл дар се сӯфаи қадимии д. Сир ҷой гирифтааст ва рӯи онҳоро ҷинсҳои лёссмонанд, қисми ҷанубии Мирзочӯлро бошад, таҳнишастҳои пролювиалӣ (селовард) пӯшидаанд.
Сатҳи Мирзочӯл ҳамвор буда, ба сӯи Шимол ва Шимолу Ғарб тадриҷан паст шуда меравад. Қисми ҷанубиаш ҷаридор. Дар водии д. Сир осори манроҳои хушкшуда ва теппаҳо боқӣ мондаанд. Мирзочӯлро аз Ҷанубу Шимол. ба Шимолу Ғарб якчанд пастиҳои тӯлонӣ (Сардоба, Қароқарой, Шӯрӯзак), ки ҷараёнгоҳҳои қадимии д. Сир мебошанд, бурида мегузаранд.
Иқлимаш ниҳоят континентӣ, тобистонаш гарми хушк, зимистонаш сарди камбориш. Ҳарорати миёнаи июль 27,9° С, январ—2,1 С. Миқдори боришоти солона 204—428 мм. Оби дарьёҳо (Сангзор, Зомин, Хонамушкент, Пешгор, Работ ва ғ.), ки аз қаторакӯҳи Туркистон ва к. Молгузар ҷорӣ мешаванд, баъди гузаштан аз кӯҳ пурра барои обёрии) заминҳо сарф мешаванд. Обҳои зеризаминӣ начандон чуқур ҷойгиранд. Дар ҳамвориҳои пролювиалӣ хоки хокистарии муқаррарӣ, дар қисми марказӣ ва наздикӯҳӣ хоки хокистарранги равшан, дар пастиҳо шӯрхок дучор меояд. Набототи қисми бекорхобидааш хусусияти биёбонӣ дошта, асосан аз эфомерҳо иборат аст. Баҳорон бешаҳои биёбонӣ, ҷорубак, ҷо-ҷояшон, шӯра, шибоғ, юлган, боллич мерӯянд. Аз ҳайвонот муш, мор, баъзан харгӯш, рӯбоҳ ва ғ. вомехӯранд.
Аз худ намудани Мирзочӯл охирҳои асри 10 оғоз ёфт. Соли 1805 ба масофаи 84 км канале кофта шуд, ки он 7600 га заминро обёрӣ мекард. Соли 1013 канали Князариқ ҳоло ба номи С. М. Киров) ба истифода дода шуд. Соли 1014 инженери рус Г. К. Ризенкампф схемаи асосии обёрӣ намудани Мирзочӯлро мураттаб сохт, ки мувофиқи он 540 ҳазор га замин аз худ карда мешуд, вале ин нақша дар давраи Россияи подшоҳӣ амалӣ нагардид.
Мирзочӯл асосан баъди Револбтсияи Октябрь аз худ карда шуд. 17 май 1918 СКХ дар Туркистон ташкил намудани корҳои обёрӣ декрет қабул кард, ки мувофиқи он мебоист 500 ҳазор десятина замини Мирзочӯл аа худ карда мешуд. Солҳои 1922—24 заминҳои нав аз худ карда шуданд. Соли 1920 В. И. Ленин як гурӯҳ мутахассисонро барои аз худ намудани заминҳои лаоташва сафарбар намуд ва онҳо тобистони ҳамон сол ба Мирзочӯл омаданд. Масоҳати заминҳои обёришавандаи Мирзочӯл агар соли 1921 20 ҳазор га бошад, пас 1924 ба 50 ҳазор га, 1928 ба 67 ҳазор га расид. Солҳои 1939—40 мувофиқи қарори махсуси ҳукумат 60 ҳазор га шӯрзамин ва ботлоқзор аз худ карда шуда, соли 1941 миқдори он ба 90 ҳазор га расид. Баъди сохта шудани гидроузели Фарҳод (1948) ва обанбори Қайроққум (1965) навъи обёрии Мирзочӯл бештар гардид. Соли 1956 майдони обёрии Мирзочӯл ба 205,5 ҳазор га расид. Ташкилоти «Главголодстепстрой» таъсис ёфт. Дар Мирзочӯл ҳоло корҳои зиёди мелиоративию ирригационӣ бурда мешавад. Мувофиқи лоиҳаи асосӣ канали ба номи С. М. Киров дарозу васеътар карда, Канали Марказӣ ва Канали Ҷануби Мирзочӯл, инчунин як қатор коллекторҳо ба кор андохта шуданд. Бо мақсади вусъат додани корҳои азхудкунӣ ва обёрии заминҳои нав аз пастии Арнасой ҳамчун обанбори сунъӣ (ҳоло Ҳайдаркӯл) хеле самарабахш истифода мебаранд. Барои шустани намаки заминҳо ва паст гардонидани сатҳи оби зеризаминӣ тадбирҳои зиёде андешида мешаванд. Дар ин ҷо ду стансияи илмии таҷрибавии СоюзНИХИ кор мебарад. Ҳоло бештар аз 500 ҳазор га замини лабташнаи Мирзочӯл аз худ карда шудааст, ки аз он 300 ҳазор га ба РСС Ӯзбекистон, 160 ҳазор га ба РСС ҳазор ва бештар аз 40 ҳазор га ба РСС Тоҷикистон рост меояд.
18 августи 1958 бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Ӯзбекистон 50 ҳазор га замини қисмии ҷанубу шарқии Мирзочӯл ба РСС Тоҷикистон дода шуд ва дар ин ҷо pайони Зафаробод таъсис ёфт.
Рельефи қисми ба Тоҷикистон гузаштаи Мирзочӯл ҳамвор буда, он дар сӯфаи сеюми д. Сир, дар баландии 250—300 м воқеъ гаштааст, ки ин нуқтаи пасттарини республика ҳисоб меёбад. Он яке аз маҳалҳои сершамоли Осиёи Миёна аст. Шамол асосан аз Ҷанубу Шарқи ва Ҷанубу Ғарб мевазад. Дар ин 40 5 совхози пахтакор ва 1 совхози ҷангалпарварӣ барпо шуд. Соҳаҳои асосии ин хоҷагиҳо пахтакорӣ, чорводорӣ, зироаткорӣ ва боғу токдорист. Заминҳо ба воситаи насосҳо аз каналҳои «Тоҷикастон-1» ва «Тоҷикистон-2» обёрӣ мешаванд.
Дар Мирзочӯл шаҳрҳои Гулистон, Янгиер, чандин маҳалҳои калони аҳолинишин (РСС Ӯзбекистон) ва посёлкаҳои Зафаробод, Ҷомӣ, Меҳнатобод, Пахтакор (РСС Тоҷикистон.) буньёд ёфтаанд.
Ад.: Гафуров В. П., Вопросы орошения целинных земель Голодной степи, Ташкент, 1968; Абдунабиев А. Г., Мирзочулнинг бугуни, эртаси, Тошкент, 1964; Петров М. п., пустыни СССР и их освоение, М.— Л , 196’»; Освоение Голодной стели. Сб. ст., М., 1963; Абдунабиев А. Г., Мирзочулии уэлаштириш тарихидан, Тошкент, 1959; Скворцов Ю. А., Бабушкин Л. Н., голодная степь, Физико-географический очерк, Ташкент, 1957.