МИРМАЪСУМИ КОШӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири охири асри 16 ва нимаи аввали асри 17 тоҷик. Бо тахаллусҳои «Маъсум» ва «Бегам» шеър гуфтааст. Чанде дар Ҳирот зиндагӣ карда, сипас ба Ҳиндустон рафта, дар Бангола умр ба cap бурдааст. Аз Мирмаъсуми Кошӣ девоне боқӣ мондааст, ки маснавӣ, ғазалиёту қасоид, қитъаот ва рубоиҳояш дар он гирд оварда шудаанд.
А. Зуҳуриддинов.