Маълумоти охирин

МИКЕН

mikenМИКЕН (Mykenai), шаҳри қа­дим дар Арголид (ҷан. Юнон), маркази калони давраи биринҷӣ. Ҳазораи 3 то м. бошишгоҳи хӯрде буд. Аз асри 17 то м. пойтахти яке аз дав­латҳои қадими синфии ахейҳо гардид.

Дар Микен аз соли 1876 бо фосила ҳафриёти археологи гузаронида ме­шавад (археологи немис — Г. Шли­ман, англис — А. Уэйс, олимони юнонӣ — X. Ҷунтоӣ, Г. Милонас). Ашьёхои дар натичаи хафриёти кабрхои подшохони Микен (асрҳои 17— 16 то м.) ёфташуда аз иқтидори иқтисодии Микен шаҳодат медиҳанд. Микен дар солҳои 1400—1200 то м. нашъунамо ёфт. Акрополи Микен дар ин давра бо деворҳои нав иҳота гардид. Қасри пуршукӯҳ аз толори мӯҳташам, оиноҳои иқоматӣ ва хоҷагӣ иборат буда, дар ибодатгоҳ ҳайкалчаҳои мармарӣ ва гилии худоҳо гузошта шудаанд. Микен тақрибан соли 1200 то м. аз сӯхтор хароб гардид. Дар садсолаи минбаъда шаҳр ва нав барқарор карда шуд, вале он роли калон набозид. Микенро соли 470 то м. Аргос забт ва хароб кард.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …